Пайвандҳои дастрасӣ

Оё Тони Блейр "Волфовитс" хоҳад шуд?


Пол Волфовитс, ки қарор аст, дар охири июн расёати Бонки Ҷаҳонӣ(БҶ) истеъфо диҳад, аз фаъолияти худ дар ин мақом истиқбол кард. Вай гуфт, комёбияш дар ин вазифа ба мадади кормандони бонк ба даст омадааст: "Ман аз кормандон бисёр тафсиру ишора ва номаҳои пур аз сипос дарёфт кардам. Бе заҳмати ҷиддии онҳо муваффақияти кори дусолаи мо номумкин буд. Мо шодам, ки ҳиссае аз ин мувафаққият будаам, ҳарчанд, онҳо асоси онанд. Ин паёмест, ки хостам ин субҳ ба онҳо расонам."

Вале мунаққидони Волфовитс мегӯянд, вай бо муқовиматаш ба истеъфо на танҳо обрӯи худ, балки обрӯи банкро ҳам резонд. Ҷон Каванауф аз Пажӯҳишгоҳи сиёсат дар Вошингтон мегӯяд: "Бонки Ҷаҳонӣ акнун ба ояндаи беҳтар талош дорад. Пол Волфовитс онро сиёсатзада кард. Онро ба дурӯягӣ гирифтор кард. Вай гуфт, ин бонк бо коррупсия дар ҷаҳон мубориза мебарад, вале худаш фазои фосид ба вуҷуд овард. Тахрибе ки ворид шуд, сабаб мегардад, ки кишварҳо ба ниҳодҳо дигар рӯ оваранд, на ба Бонки Ҷаҳонӣ."

180 давлати ҷаҳон узви ин бонканд ва он масъули миллиардҳо доллари кӯмак ба кишварҳои дар ҳоли рушд аст.
Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш истеъфои Волфовитсро бо душворӣ пазируфт ва гуфт, мутмаин аст, ҳарчи ӯ кардааст, ба хотири кор буда.

Дар ин байн ҷустуҷӯи раиси нави БҶ, ки бояд шаҳрванди Амрико бошад ва аз тарафи Буш пешниҳод шавад, идома дорад. БҶ аз тарафи намояндаи Амрико ва Сандуқи байнулмилалии пул аз тарафи аврупоиҳо идора мешаванд. Аммо хабаре низ нашр шудааст, ки тибқи он номзадии сарвазири Бритониё Тони Блейр дар як саф бо собиқ намояндаи тиҷоратии Иёлоти Муттаҳида Роберт Зуллик, ноиби вазири молияи Иёлроти Муттаҳида Роберт Киммитс ва собиқ раиси хазинаи федероли Амрико Пол Вулка сари забонҳо афтодааст.
XS
SM
MD
LG