Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ғайримунтазираи Блейр ба Ироқ


Сарвазири муваққати Бритониё Тони Блейр имрӯз бидуни эълони пешакӣ ба Бағдод сафар кард. Вай дар ин ҷо бо президенти Ироқ Ҷалоли Талабонӣ ва сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Маликӣ вазъи амниятии Ироқро дар пасманзари хушунатҳои байнимазҳабӣ баррасӣ кард.


Блейр бори дигар аз тасмими соли 2003-и худ дар бобати ворид кардани нерӯҳои Бритониё ба Ироқ ҳимоят кард.
Эҳтимолан ин охирин сафари ӯ ба Ироқ ба ҳайси сарвазири Бритониёст, зеро таври маълум, Блер дар 27-уми июн, пас аз даҳ соли сарвазирӣ, ба истеъфо меравад.
XS
SM
MD
LG