Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чор моҳ - 125 тобут аз Русия


Додситонии нақлиёти Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар иттилоъ дод, ки аз ин теъдод бисту панҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар вилоёту шаҳрҳои Русия ба таври ваҳшиёна кушта шудаанд.

Матлуба Абдуллоева, сардори шуъбаи байнулмилалии Додситонии кулли Тоҷикистон, дар суҳбат ба радиои Озодӣ гуфт: «Дар нимаи дувуми соли 2006 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ тавассути нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан ҷасади танҳо 443 шаҳрванди дар кишвари дигар кушташудаи Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ ворид гардидааст».

Дар ҳамин ҳол, Саъдулло Исломов, раиси Пажӯҳишгоҳи мардумшиносии Фарҳангистони улум, мегӯяд, дар муҳоҷират бо сабабҳои мухталиф афроде кушта мешаванд ва ё мефавтанд, ки аслан ҷавон ҳастанд.

Мақомоти давлатии Тоҷикистон ба ҷуз аз чанд эъломияи эътирозии сафорати Тоҷикистон ба мақомоти расмии Русия дар баробари маргумир ва куштори шаҳрвандони кишвари худ дар ин кишвар ҳанӯз вокунише нишон надодаанд.

Муҳиддин Кабирӣ, вакили порлумони Тоҷикистон, гуфт, вазифаи порлумон аст, ки аз ҳаққи интихобкунандагонаш дифоъ кунад ва аммо бо баҳонаи ин ки ҳимоят аз ҳуқуқҳои муҳоҷирон ба баҳси сиёсии Тоҷикистону Русия табдил меёбад, бештари мансабдорони тоҷик аз изҳори назарашон худдорӣ мекунанд: «Мутаассифона, то ҳол ин масъала ҷиддан дар сатҳи порлумон баррасӣ нашудааст. Сиёсатмадорони тоҷик як навъ мулоҳизакорӣ мекунанд. Онҳо намехоҳанд, ки ба ин қазия оҳанги сиёсӣ диҳанд. Вале, фикр мекунам, бардоштани ин масъала дар порлумони кишвар ба ҳеч ваҷҳ ба ба муносибати дуҷонибаи Русия ва Тоҷикистон халал ворид нахоҳад кард».

Ин дар ҳолест, ки, ба гуфтаи коршиносон, феълан беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба мардикорӣ ва тиҷорат машғуланд. Аммо мақомоти расмӣ ин рақамро камтар - ҳудуди 400 ҳазор - нишон медиҳанд.
XS
SM
MD
LG