Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташкили кобинаи ҷадиди вузаро дар Фаронса


ms

Нахуствазири ҷадиди Фаронса Франсуаз Фиён, ки ба дунболи ба курсии раёсати ҷумҳурӣ нишастани Никола Саркозӣ раҳбари ҳукумат таъйин шуд, рӯзи ҷумъа ҳайъати кобинаи вазиронашро эълон кард. Ҳайъати нави кобинаи вазирон як идда шахсиятҳоеро фаро мегирад, ки дар хориҷ аз Фаронса ҳам шинохташуда мебошанд.

Бернар Кушнер, ки таъсиси созмони муътабари хайрияи «Табибони бидуни марз» ӯро маъруф кардааст ва дар гузашта як муддат фиристодаи олии СММ дар Косово ҳам будааст, акнун ба курсии вазири хориҷаи Фаронса хоҳад нишаст.

Ба ҳайъати кобинаи вазирон омадани Бернар Кушнер, аз шахсиятҳои умдаи ҳизби мухолифи сусиёлист, мутмаинаст, ки давлати нави Фаронса андешаи бунёди як пули гуфтугӯ байни гурӯҳҳои мухталифи сиёсии кишварро дар сар дорад.

Нахуствазири собиқи Фаронса Аллан Жюпе ба симати раҳбари вазорати тозабунёди муҳити зист ва энержӣ шомили кобина гардидааст.

Нуктаи дигари ҷолиб ҷалби шумори зиёде занон ба ҳайъати кобинаи нави вазирони Фаронса аст. Мисол, Мишел Аллио Мари, вазири дифоъ дар ҳукумати сарвазири қаблӣ Доминик де Виллпа, акнун - вазири дохила, ва Рашида Дати вазири адлияи Фаронса таъйин шудаанд.

Рашида Дати, ки дар давраи маъракаҳои интихоботӣ сухангӯи Никола Саркози буд, ба ин тартиб нахустин сиёсатмадори африқоитабор аст, ки дар кобинаи вазирони Фаронса ба чунин мақоми баланд ноил мешавад.
XS
SM
MD
LG