Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қочоқгарон мехостанд аз «DHL» истифода кунанд?


FM

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар намояндагии ширкати байнулмилалии интиқоли коло «DHL» дар шаҳри Душанбе миқдори калони маводи мухаддирро кашф ва мусодира кардааст.


Худойназар Асозода, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар таъйиди ин хабар гуфт, боздошт дар яке аз нуқтаҳои қабули ширкати байнулмилалии «DHL», воқеъ дар пойтахти кишвар, сурат гирифтааст: «Шаҳрванд Мунаввара Эгамова, сокини ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд, боздошт шуд, зеро дар ширкати «DHL» ҳангоми муоинаи як яхдони «Samsung», ки ӯ мехост ба Русия интиқол диҳад, 17 кг 334 грамм маводи сахтаъсири ҳероин» пайдо гардидааст.


Қаблан дар расонаҳои Тоҷикистон иттилоъе пахш шуда буд, ки ин зан корманди «DHL» аст ва маводи мухаддир аз сейфи ӯ дар утоқи кориаш дарёфт шудааст.


Кормандони намояндагии ширкати «DHL» дар суҳбати бидуни микрофон ба радиои Озодӣ изҳор карданд, ки ин иттилоъ ғалат аст.


Сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон низ ин хабарро такзиб карда, гуфт, боздошти қочоқбар, ки корманди «DHL» набудааст, бо мусоидати кормандони ҳамин ширкат сурат гирифтааст.


Тибқи иттилоъи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин бори аввал нест, ки қочоқбарон хадамоти пустии «DHL»-ро ҳамчун хатти интиқоли маводи мухаддира истифода мекунанд. Моҳи марти соли равон низ кормандони ин мақомот 10 кг ҳероинеро, ки тариқи «DHL» бояд интиқол меёфт, боздошт карда буданд.


Тоҷикистон ҳамсоякишвари Афғонистон, тибқи маълумоти СММ, дар боздошти маводи мухаддир дар ҳудудш дар ҷаҳон дар мақоми чорум меистад. Тибқи иттилоъи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, аз оғози соли равон то имрӯз дар ҳудуди кишвар аз гардиши ғайриқонунӣ 1 тоннаву 343 килограмм маводи мухаддир, аз ҷумла 422 кг ҳероин, боздошт ва мусодира шудааст.

Фарҳоди Мелод, Душанбе
XS
SM
MD
LG