Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаҳои ҳавоии Исроил алайҳи Ҳамос


Низомиёни исроилӣ гуфтанд, ки рӯзи панҷшанбе, 17 май, дасти кам панҷ маротиба алайҳи аъзои тундрави Ҳамос дар шаҳри Ғазза ҳамлаи ҳавоӣ анҷом доданд.


Бар асари ин ҳамлаҳо ду нафар аз тундравон кушта шудаанд.


Пеш аз ин ҳамлаҳо давлати Исроил гуфт, ки ба ҳамлаҳои мушакии тундравон, ки аз Навори Ғазза ба сӯи Исроил мушак андохтаанд, посухи сахте хоҳад дод.


Пас аз ҳамлаҳои дирӯзаи Исроил шохаи низомии Ҳамос таҳдид кард, ки ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Исроилро аз сар хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG