Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таърихи Маскав -- таҳти хатар


Садои булдозерҳову мошинҳои парма дар бисёре аз кӯчаҳои Маскав чун садои маъмулӣ ба гӯши сокинон мерасад. Сохтмони марказҳои бузурги тиҷоратӣ, марказҳои саргармӣ, хонаҳои муҷаллали зист ва бунёди баландтарин манори Аврупо дар Маскав маҳсули ҳамон сармояест, ки ин кишвар аз захоири ҳангуфти нафти худ ба даст меорад. Аммо тарафи дигари масъала низ ҳаст.

Як гурӯҳи ҳифзи меъмориҳо ҳушдор додааст, ки симои таърихии Маскав зери хатар рафтааст ва имкон дорад, шаҳри қадима аз байн биравад, агар мақомот корҳои бесарусомони тахрибро зери назари худ нагиранд. Адам Вилкинсон аз Гурӯҳи ҳифзи мероси Аврупо, ки ҳадафаш ҷалби таваҷҷӯҳи ом ба ёдгориҳои зери хатар рафта аст, мегӯяд, дар ҷараёни корҳои бозсозии Маскав тақрибан ҳар рӯз биноҳои таърихӣ ё ёдгориҳо аз байн мераванд.

Юрий Лужков, шаҳрдори Маскав аз густариши корҳои сохтмонӣ ҷонибдорӣ мекунад ва мегӯяд, ҳадаф таҷдиди Маскав ва ҷалби сармоягузорон аст. Шаҳрдорӣ мегӯяд, бисёре аз биноҳо барқарор ё таъмир мешаванд.

Ва аммо тахриби бисёре аз меъмориҳои таърихии Маскав гуноҳи Лужков низ дониста мешавад. Дар муддати иҷрои мақоми шаҳрдорӣ тахриби даҳҳо бино, ба шумули меҳмонсароҳои номдори «Маскав» ва «Русия» ба номи Лужков ихтисос хоҳад дошт. Дар авоили соли ҷорӣ бидуни ҳеҷ огаҳӣ Қасри тоҷирон, яъне меъмории қарни 19 дар канори Майдони Сурх нопадид ва ба ҷои он хоктӯдаҳо ва тахтаҳои бузурги огаҳиҳои мухталиф пайдо шуд. Дар маркази Маскав атрофи даҳҳо бино баста шудааст ва мақомот мегӯянд, ин биноҳо ба таъмир ниёз доранд. Вале бо гузашти муддате ин биноҳо хароб ва ба ҷои он биноҳои назарфиреб, вале дур аз асари воқеъии меъморӣ қомат меафрозад.

Дар гузориши Гурӯҳи ҳифзи меъмориҳои таърихӣ ва ҳифзи мероси Аврупо омадааст, ҳоло хатари нобудӣ ба ёдгориҳое аз қабили калисои Храм Василия Блаженного дар Майдони Сурх, бинои Детский Мир ва истгоҳи метрои Маскав таҳдид мекунад.

Вале дар ин миён баъзе хабарҳои хуш низ ҳаст. Дар гузориши мазкур омадааст, ки садҳо калисое, ки дар замони Шӯравӣ хароб шуда буд, таъмиру наққошӣ ва кӯлоҳакҳои тилоии сари манорҳо гузошта шудааст. Ин гузориш аз 128 сафҳа иборат аст ва ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, Юрий Лужков, шаҳрдори Маскав ва Александр Кузмин, сармеъмори Маскав ирсол шудааст.
XS
SM
MD
LG