Пайвандҳои дастрасӣ

Оташбасро кӣ халалдор кард?


Генерал Воҳид Иршод - сухангӯи артиши Покистон марзбонҳои афғонро дар шурӯъи тирборон бо истифода аз мусалсалҳо муттаҳам кард. Ӯ гуфт, ки "неруҳои афғонӣ ногаҳонӣ сӯи мо оташ кушоданд. Ин тирпарронӣ қариб як соат идома кард. Тақрибан соати 7-и субҳ тирборон дигарбора шурӯъ шуд".
Ва аммо генерал Шер Аҳмад Кучаӣ, раиси неруҳои марзбонии вилояти Хост - воқеъ дар ҷанубу шарқи Афғонистон изҳор кард, ки оташбас аз сӯи сарҳадбонҳои покистонӣ халалдор шудааст. Генерал Зоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон низ дар шурӯъи дубораи задухурдҳо дар марз неруҳои покистониро муттаҳам кард.

Майор Ҷон Томас - сухангӯи неруҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО дар Афғонистон (АЙСАФ) гуфт, ахбори зиддуннақиз оид ба даргириҳои имрӯза ба Маркази кашфе ирсол шуд, ки соли гузашта Афғонистон, Покистон ва АЙСАФ муштаракан таъсис карда буданд. Ӯ афзуд, ки мақомот талош мекунанд, ки ба низоъ хотима гузоранд. Ва аммо, тибқи хабарҳо аз минтақа, тирпарронӣ дар марз баъд аз нимарӯзӣ низ идома кард.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Афғонистон низомиёни Покистонро дар шурӯъи даргириҳои рӯзҳои пеш низ муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо тақрибан чаҳор километр вориди минтақаи баҳсбарангези миёни ду кишвар шуданд. Покистон иттиҳомро рад кард ва аз комиссиюни сеҷонибаи Покистон, Афғонистон ва АЙСАФ пажуҳиши онро талаб кард. Комиссиюн гурӯҳеро барои тафтиш ба қисмати афғонистонии марз фиристод. Кобул кишвари ҳамсояро ҳамчунин дар он муттаҳам мекунад, ки бо бунёди девори амниятӣ мехоҳад як қисмати қаламрави Афғонистонро таҳти назорат бигирад.

Раҳул Бедӣ, хабарнигори маҷаллаи бритониёвии "Jane's Defence Weekly" дар Осиёи Ҷанубӣ мегӯяд, ки задухурдҳои ахир мушкилоти пешинаи марзии миёни Афғонистону Покистонро урён кард:

Дар бораи иттиҳоди миёни Покистону Афғонистон бояд гуфт, ки он вуҷуд надорад. Амалан, миёни ин ду ҷониб рақобати шадид ва душмании шадид мавҷуд аст. Дар алоҳидагӣ онҳо бо амрикоиҳо пайванд доранд. Ва аммо амрикоиҳо тавони миёнҷигарӣ барои мусолиҳа миёни ин ду ҷонибро надоранд, ҳарчанд раисиҷумҳур Карзай ва раисиҷумҳур Мушарраф чанд моҳ пеш дар Вошингтон мулоқот карда ба ҳамкорӣ розӣ шуда буданд. Ин мувофиқа арзише надорад, зеро кулвори таърих пур аз низоъест, ки ба назар мерасад, ҳал нахоҳанд шуд. Ва ин яке аз мушкилиҳоест, ки амрикоиҳо ва неруҳои НАТО ба он мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Ҳукумати Афғонистон тайид кард, ки шурӯъ аз рӯзи 13 май дар задухурдҳо дар марз бо Покистон дасти кам 13 сокини кишвар, аз ҷумла, занону кудакон ва кормандони пулис ба ҳалокат расиданд. Мақомоти маҳаллии Афғонистон мегӯянд, ки теъдоди қурбониён миёни мардуми осошта хело бештар аз арқоми расмист.
XS
SM
MD
LG