Пайвандҳои дастрасӣ

Нақшаи пахта имсол низ иҷро намешавад?


Мақсадулло Исмоилов, як масъули Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, хоҷагиҳои пунбапарвари ҷумҳурӣ аз доруҳои минералӣ ва техникаи зарурӣ танқисӣ мекашанд ва ба гумон аст, ки имсол низ аз иҷрои нақша баромада тавонанд. Оқои Исмоилов ҳамчунин гуфт, боришоти се рӯзи ахир дар кори воҳидҳои пунбапарвар бетаъсир намондааст: «Дирӯз дар ноҳияи Носири Хисрав низ шамол шуда, ба заминҳои пахтакор таъсири бад расонидааст. Акнун хоҷагиҳоро лозим меояд, ки заминҳои зарардиаро аз сари нав кишт кунанд. Ин, албатта, барои гирифтани ҳосили дилхоҳ халал ворид мекунад.»


Ин дар ҳолест, ки соли гузашта хоҷагиҳои пунбапарвар бар иловаи 547 ҳазор тонна пунба, ҳамагӣ 438 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда буданд.
Ғафурҷон Расулӣ, корманди Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорат мегӯяд, пахта як ҷузъи иқтисоди кишвар ба ҳисоб меравад, аммо хоҷагиҳои пунбапарварии Тоҷикистон аз сармоягузоронашон ҳудуди чорсад миллион доллар қарздор шудаанд. Гузашта аз ин, онҳо аз ҳар ҳектор замин ҳамагӣ 20 сентнерӣ ё камтар аз он ҳосил ҷамъоварӣ мекунанд, ки нисбат ба давраи Шӯравӣ хеле кам будааст: «Ҳосили зиёд имкон медиҳад, ки маҳсулот бештар коркард шавад ва ба кишварҳои хориҷӣ содир шавад. Ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки заминҳои пунбапарвариро кам намуда, ҳосилнокиро бештар созад. Аммо дар ин роҳ ҳанӯз мушкилиҳо, аз ҷумлаи нарасидани нуриҳо, қарзи хоҷагиҳо ва ғайра зиёданд».


Дар ҳамин ҳол, Фаррух Зиёев, як деҳқони пунбапарвар тайи як тамоси телефонӣ ба мо гуфт, вай бо аҳли хонаводааш аз як ҳектор замин ҳудуди 20-23 сентнер ҳосили пахта мерӯёнад. Вай гуфт, аммо аз фурӯши пунба даромади хуб ба даст намеоранд. Оқои Зиёев меафзояд, барои хонаводааш ғӯзапоя ё худ шохаи пунба кофист, ки ба кишти пунба машғул шавад.

Ба иттилои Кумитаи омори Тоҷикистон аз оғози соли равон 42,2 ҳазор тонна нахи пахта, ба арзиши 44,2 миллион сомонӣ содир шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 7,9 миллион сомонӣ камтар будааст. Феълан, баҳои як тонна нахи пахта 1 ҳазору 48 долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли гузашта тақрибан 50 доллар коҳиш ёфтааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG