Пайвандҳои дастрасӣ

Шабзиндадорӣ дар зодрӯзи Алан Ҷонстон


Журналистон, фаъолони ҳуқуқи башар ва дигар афроди расмӣ дар Лондон, Теҳрон, Маскав, Ҳонг Конг ва Ромуллоҳ ҷамъ меоянд, то дар робита ба зодрӯзи хабарнигори BBC Алан Ҷонстон озодии ӯро талаб кунанд.

Зиёда аз 93 000 нафар дар сартосари ҷаҳон ба талабномаи озодии Ҷонстон дар интернет имзо карданд.

Ҷонстон рӯзи 12-уми март дар зери мили силоҳи ба эҳтимоли қавӣ мусаллаҳони фаластинӣ дар шаҳри Ғазза рабуда шуд. Аз он вақт то ҳоло бенишон аст.

Як гурӯҳи начандон шинохташудае, ки худро Ҷайш-ул-ислом ё артиши ислом меномад, ахиран масъулияти ин рабоишро бар дӯш гирифта, озодии исломгароён аз маҳбаси Бритониёро шарти ҷон ва раҳоии Ҷонстон эълон кардааст.

Дар ин байн, як рӯҳонии тундрав дар Бритониё бо номи Абу Қатада пешниҳод кард, ки бо рабояндагони Ҷонстон мулоқот кунад. Вай бо иттиҳоми таҳдид ба амнияти миллии Бритониё дар маҳбас ба сар мебурд ва ҳамон вақт бо талаби гурӯҳи Ҷайш-ул-ислом ба озодӣ баромада буд.

Мудири кулли BBC, Марк Томпсон, имрӯз гуфт, ҳазорон нафар аз дӯстону ҳамкорони Алан умеди қотеъ доранд, ки вай ба зудӣ сиҳату саломат ба хонаводааш хоҳад пайваст.
XS
SM
MD
LG