Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷонибдории Қирғизистон аз пешниҳоди Тоҷикистон


ақ

Вазири умури хориҷаи Қирғизистон баъд аз анҷоми мулоқоташ бо Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, таъсиси Консорсиуми обу энержии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст, ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа мебошад.


Аднон Қарабоев - вазири хориҷаи Қирғизистон, ки ҷузъиёти мулоқоташ бо Раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро ба хабарнигорон тавзеҳ мекард, афзуд: «Ҳукумати Қирғизистон пурра пешниҳоди Президенти Тоҷикистон дар бораи ташкили Консориуми обу энержии Осиёи марказиро дастгирӣ мекунад. Ин пешниҳод бамаврид ва ояндадор аст».


Вазири хориҷаи Қирғизистон ҳамчунин гуфт, бобати истифода ва баҳрабардорӣ аз захоири об мавқеъи ин ду кишвар ба ҳайси кишварҳои соҳиби ин захоир мушобеҳи ҳам аст. Вале таъкид кард ӯ, таъсиси Консорсиуми обу энержии кишварҳои Осиёи Марказиро бояд омили ҳамоиши ин кишварҳо арзёбӣ кард, на мояи нифоқ ва низоъ.
Вай афзуд, дар тақвияти пешниҳоди Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин робита ташкили Академияи байналмилаии обу энержӣ ва ҳамчунин баргузории саммити байналмилалии обу энержиро матраҳ кардааст.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносони тоҷик мӯътақиданд, ки пуштибонӣ ёфтани пешниҳоди таъсиси Консорсиум аз сӯи Қирғизистон як амри табиист. Зеро ин ду кишвар дар ин замина мушкилоти муштарак доранд.


Абдуқаюми Қаюмзод
XS
SM
MD
LG