Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пул бошад, диплом ҳам мешавад?


«Агар устод рисолаи дипломии донишҷӯеро нависад, арзиши он то 100 доллар (345 сомонӣ) мерасад. Аммо, агар ин корро ягон донишҷӯи дигар кунад, каме арзонтар мешавад, яъне 200 - 250 сомонӣ», - мегӯяд як хатмкунандаи ДДМТ, ки нахост номаш ифшо шавад.

Донишҷӯён мегӯянд ин шабу рӯз арзиши баҳои санҷиш вобаста ба соли таҳсил ва омӯзгори мушаххас аз 10 то 100 сомонӣ, баҳои имтиҳон аз 30 то 300 сомонӣ аст. Иллати гарон шудани ришва, ба қавли ин донишҷӯён, дар он аст, ки баъзе аз омӯзгорон чун солҳои қабл дигар пулро бевосита аз донишҷӯ ё сардори гурӯҳ нагирифта, аз «хидмат»-и шахсони боэътимоди миёнарави худ, истифода мекунанд. Аз ин рӯ, ба қавли як донишҷӯи дигар, баъзе аз муаллимон боз ҳам зиёдтар ришва мегиранд.

Тибқи иттилоъи вазорати маориф, имсол 28 муасcисаи олии Тоҷикистонро беш аз 17000 донишҷӯ хатм мекунад. Ҳоло барои хатмкунандагони ин донишгоҳҳо мавсими супоридани имтиҳоноти давлатӣ ва ҳимояи рисолаҳои дипломӣ оғоз шудааст.

Ба гуфти донишҷӯён, имрӯзҳо баъзан рисолаҳои дипломиро на худи донишҷӯ, балки бархе аз роҳбарони илмӣ ва ё баъзе аз кормандони кафедраҳо бар ивази маблағи муайян менависанд; ҳатто дар баъзе аз кафедраҳо як рисолаи дипломӣ ва ё кори курсӣ чанд маротиба фурӯхта мешудааст ва, масалан, «таъруфа»- и нонавиштаи корҳои курсӣ ва дипломӣ аз 200 то 300 сомонӣ аст.

«Онҳое, ки худашон менависанд баъзан бисёр азоб мекашанд, зеро бархе аз устодон кори донишҷӯро бисёр мегардонанд, - мегӯяд яке аз онҳо. - Агар мо як санҷишро бо дониши худ дар ду ҳафта супорем, кори курсиро дар муддати то якуним моҳ мусупорем».

Дар ҳамин ҳол Раҷабалӣ Сангов, корманди вазорати маориф, мегӯяд то имрӯз касе аз ҷой доштани ҳодисаҳои ришва дар таҳияи рисолаҳои дипломӣ ба онҳо шикоят накардааст: «Агар чунин маълумот вуҷуд дошта бошад бо ариза муроҷиат кунанд ва мо чора хоҳем дид».

Ӯ меафзояд, баъд аз танқиди шадиди раисҷумҳур аз соҳаи маориф назорат ва мубориза алайҳи ришваситонӣ дар мактабҳои таҳсилоти олӣ ва миёна пурзӯр гардидааст ва онҳо бо гузаронидани рейдҳои доимӣ ва суҳбату мулоқотҳо бо донишҷӯён кӯшиш мекунанд, то барои ҳалли масъала ба андозае мусоидат кунанд: «Дар ҳар як се моҳ тамоми муассисаҳои таълимӣ бояд ҳама чорабиниҳои алайҳи фасод андешидаашонро ба таври хаттӣ пешниҳод кунанд».

Донишҷӯён мегӯянд, ҷалби таваҷҷуҳи масъулин ба соҳаи маориф ҳарчанд то андозе мушкили ҷавонони боистеъдодро бартараф сохтааст, вале ҳанӯз ҳам барои баъзе аз устодон ин чорабиниҳо камтаъсиранд.

Фирӯза Толибова, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Душанбе, бар ин ақидааст, ки нахуст бесаводии баъзе аз донишҷӯён ва маоши ками омӯзгорон боиси рушди фасод дар соҳаи маориф гардидааст, ки солҳои наздик ҳалли худро нахоҳад ёфт: «Охир онҳоро муҳит маҷбур мекунад, маош кам аст ва дар хона то панҷ-шаш фарзанд доранд. Чи кор кунанд дигар».

Аммо коршиносон бар он назаранд, ки мушкилоти зиндагӣ ва нодориву фақр ба ин омӯзгорон барои ришваситонӣ баҳона шуда наметавонад.

oyandasoz@rferl.org
XS
SM
MD
LG