Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати як сарбоз бар асари инфиҷор


ZN

Бар асари инфиҷори минаи зидди нафар дар ноҳияи Панҷ, дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, як нафар сарбози неруҳои марзбонӣ кушта шудааст. Ҷонмуҳммад Раҷабов, мудири Маркази минрӯбии Тоҷикистон, зимни таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, Илёс Юлдошев, сарбози неруҳои марзбонӣ, ки талош мекард, сӯхтори сарзада дар қамишзорро хомӯш кунад, ба мина бархӯрда ва кушта шудааст.


Ба гуфтаи оқои Раҷабов, аз ибтидои соли равон ин ҳодиса мавриди шашуми аз инфиҷори минаҳо кушта шудани одамон мебошад.


Ӯ афзуд, ки аз соли 1992 то кунун бар асари инфиҷори мина дар Тоҷикистон маҷмуъан 279 нафар кушта ва 301 нафар маҷрӯҳ шудаанд, ки сӣ дарсади онҳо кӯдакон мебошанд.


Дар понздаҳ ноҳияи Тоҷикистон майдонҳои мина ошкор ва кори кашфу хунсосозии онҳо идома дорад.
Ин майдонҳои мина мерос аз ҷанги дохилӣ дар солҳои 1992 - 1997 мебошанд.
XS
SM
MD
LG