Пайвандҳои дастрасӣ

Молу мулки ғайрирасмӣ.....


Хабари расмӣ дар ин бора


Салом, хонандагони азиз,
Ба назари ман, ин кор то ҳудуде метавонад барои Тоҷикистон муфид бошад, чунки ҳастанд одамоне, ки воқеан пул доранд. Сарфи назар аз он ки бо кадом роҳ он пулҳоро ба даст овардаанд, агар он пулҳо ба бонкҳо ҷалб карда шавад, сармоягузории дохилӣ хуб мешавад. Ба назари ман, ин талоши давлат ба он хотир аст, ки сармояҳо ба дохил ҷалб шавад ва то ҳадде кишварро аз тангдастӣ барорад.
Давлат ҳам фаҳмидааст, ки агар дунболи он бигардад, ки мардум ин сармояро аз куҷо ба даст овардаанд, ин амал мунҷар ба гурези сармояи дохилӣ ба хориҷ мешавад.
Толиб Мирзоев
-----------------------------

Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад, намедонам чӣ гӯям, шояд Худованд худаш моро наҷот диҳад аз ин парлумон.
------------------------------

Дар тамоми дунё чунин амал мекарданд, аввал молу заминро забт карда баъд ӯро қонунӣ мекунанд. Дар давлати мо ҳам чунин шуд. Барои мо андозро кам кунанд, ки мо 39% меҳнати худро ба давлат месупорем. Ана ин барои ман аҷоиб, барои чӣ ман 13% андоз аз шахси воқеӣ ва боз 25% барои ҳифзи иҷтимоӣ месупорам, хулоса аз 100 сомонӣ 39 ба давлат месупорем дар дасти мо мемонад 61 сомонӣ ва аз ин пули барқ, тел, об, газ ва нақлиёт пардохт мекунам, барои хӯрдан ҲЕҶ!!!!!!!!!!! Аз ҳамин сабаб дар Тоҷикистон 80% худро пурра сер намекунад.
-----------------

"Шоҳ агар одил набошад, мулк вайрон мешавад". Мутаассифона ва ба "бахти бад"-и халқи Тоҷикистон, "воломақомон" боз як қадам ба нафъи худашон ва бечорагию валангории халқ гузоштанд. Иншоаллоҳ, рӯзе оҳи мазлумони тоҷик ба дарбори Ҷаббори Олам мерасад.
КОВА
-------------------------------

Ин қадар бахилӣ накунед, монед, ягон тоҷики мо низ ба рӯйхати Форбс дохил шавад охир.
Билл Гейтс
-------------------------------------

Хеле ва хеле дуруст аст, ки ин қонун ҳам ба нафъи сарватмандон ва капиталистҳои навбаромад аст (ҳамагӣ ин зумра таърихи на беш аз 15-сола доранд).Таври мисол ман ҳеҷ боварам намеояд, ки вазире ё кабире бо маблағи ҳалоли худ ҳатто як дастгоҳи яхмосфурӯширо харидорӣ карда тавонад. Ман аминам, ки агар ҳамин ҷараён идома ёбад, баъд аз ду-се соли наздик ҳеҷ муассиса ва ё идораи давлатӣ дар Тоҷикистон боқӣ нахоҳад монд ва ҳудуди 90 дарсади нуфуси аҳолӣ боз ҳам фақиртар хоҳанд шуд.
-----------------------

Дирӯз 6 миллион гум шуд, яъне дуздидан, хонаҳои боҳашамат сохтанд, имрӯз қонунӣ карданд. Вассалом.
--------------------------------------

Ин ба ҳама фаҳмо аст, албатта, ба нафъи ҷинояткорони амволи давлатиро кайҳо аз худ карда. Акнун ин дуздии онҳо комилан қонунӣ шуд. Чаро ҳукумат намехоҳад онҳоро ба маҳбасҳо шинонад? Чунки дар ҳукумат ҳам одамоне ҳастанд ва кам ҳам не, ки ин гуна корҳо кардаанд. Ин амал, ба фикрам, асосан барои худашон мебошад.
Саидҷон аз Фархор
----------------------------------------

Ба номи Худо
Қабули ин қонун бояд дар солҳои 1999 баъди бастани созишномаи сулҳ ба тавсиб мерасид, чунки он давраҳои бесарусомон ҳамаи амлоки давлатӣ аз худ карда шуданд.
----------------------------------------

Ассалом,
То онҷое, ки ба назар мерасад, ин тарҳи қонун боз ҳам яккатозӣ буда танҳо ба нафъи гурӯҳи хосе хоҳад буд. Ногуфта намонад, ки дар Тоҷикистон аксари сарватмандон «мансабдорон» мебошанд.
Агарчӣ қонуне чанде пеш ба имзо расида буд, ки ҳар як мансабдор даромаду баромади худро равшан созад, ғайр аз як-ду шахс амсоли Муҳиддин Кабирӣ, дигар касе шуҷоатмандона ба он қонун амал накард.
Баъди таҷдиди назаре дар он қонун, бояд қонуне ба тасвиб мерасид, ки онро бо роҳи тактикӣ маҳв мекард. Акнун, ки ин қонун ба имзо расид, мо хоҳем дид, ки мансабдорон чӣ қадар даромад доранд ва бо кадом андоза соҳиби сарвати дороӣ бо роҳи ғайриқонунӣ шудаанд.
Лекин, агар аз назари қонун афв шаванд ҳам, фикр намекунам, ки таърих онро бибахшад. Кӣ бо танҳоӣ бо сад ё дусад сомонии маош ин қадар дороиро метавонад соҳиб шавад?
Бо эҳтиром, Б. Мусофир
----------------------------------------------



Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаъор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG