Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имзои Қонун дар мавриди расмӣ кардани молу мулк


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонун дар мавриди расмӣ кардани молу мулкро имзо кардааст.


Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳур мегӯяд, ки қонуни мазкур ба хотири рушди ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ба моликият, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ қабул карда шуда ва иқдоми истисноии якдафъинаи давлат аст.


Бар асоси ин қонун онҳое, ки ҳатто молу мулкро бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст овардаанд, вале онҳоро қонунӣ мекунанд ва молиёт месупоранд, аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд.


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар гузашта ба вазирону мақомоти олирутбаи ин кишвар таҳдид карда буд, ки агар молу мулки ғайриқонунӣ дошта бошанд, қонунӣ кунанд, вагарна ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG