Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳурот дар назди сафорати Покистон дар Кобул


Садҳо нафар аз сокинони навоҳии марзии Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе, 16 май дар баробари сафорати Покистон дар Кобул даст ба тазоҳурот заданд.


Ба гуфтаи мақомоти Афғонистон дар пайи даргириҳои нерӯҳои ин кишвар ва сарбозони покистонӣ 13 нафар ба ҳалокат расиданд.


Ба гуфтаи давлати Афғонистон ин даргириҳо пас аз вуруди нерӯҳои покистонӣ ба хоки Афғонистон дар рӯзи 13 май сар заданд.


Аммо давлати Покистон мегӯяд, ки марзбонони афғон бо тирандозиҳо ба суи чанд посгоҳи марзии Покистон ин муноқишаро барангехтаанд.
XS
SM
MD
LG