Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коҳиши мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ дар Қазоқистон


Вакилони мардумии Қазоқистон дар нишасти муштараки ҳар ду палатаи порлумон дар нахустин талош ислоҳот дар Қонуни асосии ин кишварро пазируфтанд.


Пеш аз ин раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфт, ислоҳоти пешниҳодӣ низоми идории давлатро аз раёсати ҷумҳурӣ ба раёсати ҷумҳурӣ ва порлумонӣ табдил медиҳад.


Бар асоси ислоҳоти ворида, акнун мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ дар Қазоқистон аз ҳафт то ба панҷ сол кам карда мешавад ва баъзе салоҳиятҳои раиси ҷумҳур низ ба ихтиёри порлумон дода мешавад.
XS
SM
MD
LG