Пайвандҳои дастрасӣ

Хоманаӣ тарафдори гуфтушунидҳои мустақим бо Амрикост


Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Ирон рӯзи чаҳоршанбе (17 май) гуфт, ки тарафдори мулоқоти мустақими Амрикову Ирон дар мавриди Ироқ мебошад.


Раҳбарии ҷумҳурии исломӣ, ки баёнияааш тавассути телевизиони давлатии Ирон пахш шуд, гуфт, дар музокирот Ирон салоҳият ва вазоифи амрикоиҳо дар мавриди амнияти Ироқро ба онҳо гӯшзад хоҳад кард.


Мақомоти Амрикову Ирон эълом доданд, ки тайи чанд ҳафтаи оянда дар шаҳри Бағдод ба хотири баррасии вазъи амниятӣ дар Ироқ мустақиман гуфтугу хоҳанд кард.


Давлатҳои Амрикову Ирон пас аз инқилоби исломии Ирон дар соли 1979 то кунун чанд музокироти мустақими ангуштшумор доштаанд.
XS
SM
MD
LG