Пайвандҳои дастрасӣ

Даргириҳои тоза миёни нерӯҳои Ҳамос ва Фатҳ


Дар даргириҳои тоза миёни ҳаводорони гуруҳҳои рақиби Фатҳ ва Ҳамоси фаластинӣ, ки барои контроли Навори Ғазза муноқиша доранд, дасти кам 25 нафар кушта шудаанд.


Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, муноқишаву низоъ миёни ҳаводорони ду гурӯҳ ҳукумати Ҳамосу Фатҳро, ки ду моҳ пеш таъсис ёфт, ба хатар рӯ ба рӯ кардааст.


Бо авҷ гирифтани ҷангҳои байниҷиноҳӣ дар Навори Ғазза, Исроил барои маҳви тундравони фаластинӣ дар ин минтақа мушак андохтааст.


Бино ба гузоришҳо, бар асари ду ҳамлаи ҷудогонаи нерӯҳои исроилӣ, ки ба гуфтаи онҳо посух ба мушакандозии тундравон будааст, панҷ нафар фаластинӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG