Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон - Узбакистон: Кӣ пирӯз мегардад?


Дамир Камолиддинов, сармураббии дастаи миллии футзали Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Он вазифаеро, ки Федеросиюни футболи Тоҷикистон дар назди мо гузошта буд, ба ҷо овардем. Яъне мо ба бозии чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтем. Ва акнун ӯҳдадор шудем, ки ба марҳилаи ниманиҳоӣ роҳхат бигирем.»

Дар се бозии дигари чаҳорякниҳоӣ рӯзи панҷшанбе Эрон ва Австралиё, Ҷопон ва Тайланд, Қирғизистон ва Лубнон зӯрозмоӣ хоҳанд кард.


Хабари дигар. Муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар шаҳри Истамбули Туркия соҳиби медали нуқра гардид. Вай дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни зери 51 килограмм мақоми дуввумро касб кард.


Хабари охирин. Чаҳор нафар варзишгарони Тоҷикистон: Насҳиддин Ворисов, Шаҳобиддин Саидов, Шокирҷон Раҷабов ва Екатерина Трубитсина озими Чин шуданд.

Онҳо дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи таэквон-до WTF, ки аз 18-ум то 22-юми май дар шаҳри Пекин баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG