Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруд ба Додгоҳи олии Тоҷикистон мушкил мегардад


FM

Додгоҳи олии Тоҷикистон бо нашри як дастури махсуси дохилӣ вуруди коруфтодагонро ба бинои додгоҳ маҳдуд кардааст. Маҳмадалӣ Юсуфов, сухангӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон, гуфт, азбаски додрасҳо ва кормандони догоҳҳо ба омӯзиши парванда ва ё шикоёти мардум машғуланд, вуруди бенизоми шаҳрвандон ба кори онҳо халал ворид мекунад: «Судяҳо, ки дар утоқҳои худ ба кор машғул ҳастанд, шикоят карданд, ки даробарои зиёд ба кори онҳо халал мерасонад. Бигзор шаҳрвандон, адвокатҳо ё нафароне аз мақомоти дигар, агар кори муҳим дошта бошанд, марҳамат, биёянд, лекин беҳуда не».


Оқои Юсуфов меафзояд, аммо ин маънои онро надорад, ки дари додгоҳ баста шудааст. Вай гуфт, фақат як тартибот ҷорӣ шудааст, ки дар ҳар як муассиса бояд бошад.


Дар ҳамин ҳол, Абдуқаюм Юсуфов, як нафар аз вакилони дифоъ, мегӯяд, тартиботи нав дар додгоҳи олӣ як навъ маҳдуд кардани фаъолияти вакилони дифоъ аст. Вай афзуд, акнун вакилони дифоъро додгустарҳо тибқи салоҳдиди худ қабул мекунанд: «Дар қонунгузории ҷории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин монеаҳо пешбинӣ нашудаанд ва ин кирдори раҳбарияти Додгоҳи олии Тоҷикистон бар хилофи талаботи қонун мебошад».


Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар паёми худ ба пoрлумони кишвар эълом дошта буд, ки дар сохтори додгоҳии Тоҷикистон ислоҳот ворид карда мешавад. Ҳамчунин интизор меравад, ба ҳамин қарибӣ консепсияи ислоҳоти додгоҳии Тоҷикистон қабул гардад.


Маҳмадалӣ Юсуфов мегӯяд, тартиботи наве, ки дар Догоҳи олии кишвар ҷорӣ шудааст, ба ин ислоҳот ягон рабте надорад ва танҳо дастури дохилии худи додгоҳ аст.

Фарҳоди Мелод, Душанбе
XS
SM
MD
LG