Пайвандҳои дастрасӣ

Саркозӣ ба кор сар кард


Бо вуҷуди он ки расми савганд барои ҳар президенти нав ҳамчун боз шудани дари кохи раёсатҷумҳурӣ ва оғози амалии фаъолияти ӯ муҳим аст, Николас Саркозӣ интизор нашуд, ки ин маъракаро ба поён расонад ва сипас ба кор сар кунад.

Пас аз як истироҳати кӯтоҳи баъд аз шӯруқиёми интихобот, рӯзи душанбе вай ба ташкили ҳукумати нав ва баррасии тарҳҳои ислоҳоти идории Фаронса сар кард. Ва дар расми савганд, ки оддиву хоксорона буд, гуфт, тамоми талошаш ин хоҳад буд, ки арзандаи эътимоди фаронсавиҳо бошад ва ҷавоби бовари мардумро бидиҳад.

Саркозӣ дар ҳоле ки мекӯшид, як шахси боинержӣ намудор шавад, гуфт, "аз истиқлолияти Фаронса ва ҳувияти Фаронса дифоъ хоҳад кард, зеро Фаронса ҳувияти худро дорад." Ӯ афзуд "ба ҳокимияти давлат арҷ мегузорад, вале болотар аз ин ба адлу адолат."

Вале паёми асосии Саркозӣ ба мардуми Фаронса дар расми савганд ин даъват ба ваҳдат буд. Он ҳам пас аз ҷудоӣ ва даргириҳои сиёсӣ дар интихобот. Аммо на танҳо шиъору сухан, амалан Саркозӣ намояндагони аршади ҳизби рақиби сотсиалисташро ба ҳайъати ҳукумати нав даъват кард. Аз ҳама назаррастар, Бернард Кушнер, собиқ вазири беҳдошт ва бунёдгузори созмони машҳури "Пизишкони бидуни марз", мумкин аст, вазири корҳои хориҷии Саркозӣ шавад, ба ҳар ҳол посухи рад надодааст. Ва ба эҳтимоли зиёд Франсуа Филлон, собиқ вазири умури иҷтимоӣ, ки бо иттиҳодияҳои касбии Фаронса робитаи ҳасана дорад, сарвазир таъин хоҳад шуд. Интизор меравад, дар ду рӯзи оянда номи 15 вазири нав эълон шавад.

Пешниҳодҳои Саркозӣ рақибонашро ҳайрон ва шариконаш норозӣ кардааст. Ҳарчанд сотсиалистҳо мегӯянд, бо ҷалби чеҳраҳои маъруфи ин ҳизб, Саркозӣ мехоҳад онро дар интихоботи порлумонии моҳи оянда шикаст диҳад, мушовирнои ӯ мегӯянд, барои Саркозӣ на садоқат, балки салоҳият муҳимтар аст, зеро вазифаҳои бузургеро бар дӯш гирифтааст. Аммо шаҳрдори сотсиалисти Порис Бертран Делано мегӯяд, ғайримантиқист, шумо узви ҳукумат бошед ва ҳамзамон дар интихобот аз мазеъи чапгаро ба саҳна бароед.

Ҳаракат шурӯъ шуд, мегӯянд, коршиносони дигар ва меафзоянд, Ҳизби сотсиалистро ҳоло хеле фурсат даркор аст, баъд аз чанд шикасти пайиҳам ба худ ояд ва инержии Саркозӣ пирӯзии тарафдоронашро дар интихоботи порлумонӣ бе найрангҳои сиёсӣ низ таъмин хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG