Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ду зина поин шуд


Тоҷикистон дар рейтинги моҳи май аз рейтинги қаблӣ ду зина поинтар - ба ҷойи 147-ум фуромад. Ва алҳол миёни 45 кишвари қорраи Осиё дар мақоми 25-ум ва байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбакистону Қазоқистон ҷойгир шуда, аз Қирғизистону Туркманистон ва Афғонистон пеш аст.

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: "Тӯли як сол аст, ки дастаи мунтахаби кишвар ягон бозӣ анҷом надодааст. Ва мо ба нақша гирифтаем, ки имсол се бозии дӯстона бо тимҳои хориҷӣ анҷом бидиҳем. Минҷумла, алҳол барои бургузории ду бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Қазоқистон гуфтушунид дорем."

Эрон, ки беҳтарин тими миллии қорраи Осиё маҳсуб мешавад, як зина болотар - ба ҷойи 41-ум баромад. Дар ин феҳрист Тоҷикистон миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷойи сездаҳум қарор гирифтааст. Укроин миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷойи аввал буда, дар рейтинги нави FIFA мавқеъашро дар зинаи 11-ум нигаҳ доштааст. Русия як зина поинтар - ба ҷойи 17-ум фуромад.

Дастаи мунтахаби Итолиё, қаҳрамони феълии футболи ҷаҳон, миёни 207 кишвари аъзои FIFA мисли пешин дар зинаи аввал аст. Бразил дар зинаи дуввум ва Аргентина дар зинаи севвум қарор гирифтаанд. Ҳамчунин миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон Фаронса, Олмон, Ҳолланд, Португол, Инглистон, Испониё ва Ҷумҳурии Чех ҷойгир шудаанд.
XS
SM
MD
LG