Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон 6 млн доллар гум шудааст


Порлумони Тоҷикистон ба таҳқиқи шеваи истифодаи шаш миллион доллар кӯмаки бебозгашти давлати Шветсия ба вазорати кишоварзӣ пардохтааст.


Раиси Маҷлиси Намояндагон Сайдулло Хайруллоев бо ибрози нигаронӣ аз шеваи истифодаи ин шаш миллион доллар, ки барои лоиҳае дар арсаи кишоварзӣ пешбинӣ шуда буд, аз вазири кишоварзӣ шарҳи ин қазияро талаб кардааст.


Намояндагони порлумон агарчӣ ҳанӯз доир ба фасодкорӣ ҳангоми истифодаи ин кӯмак чизе нагуфтаанд, аммо ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки саргарми таҳқиқи истифодаи 6 миллион доллар мебошанд.
XS
SM
MD
LG