Пайвандҳои дастрасӣ

Таъйиди ҳайъати нави ҳукумати Сербистон


Порлумони Сербистон ҳайъати нави ҳукумати ин кишварро таъйид кард ва Воислав Коштуница, сиёсатмадори мӯътадилро нахуствазир интихоб кард.


Воислав Коштунитса гуфт, ки ҳукумати нав барои пазируфтани Сербистон ба Иттиҳодияи Аврупо талош ва бо Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои ҷангӣ дар Гаага ҳамкорӣ хоҳад кард. Аммо вай гуфт, ки дар робита ба сарнавишти минтақаи ҷудоихоҳи Косово ҳеҷ гузаште нахоҳад шуд.


Порлумон баъд аз он ҳайъати нави ҳукуматро пазируфт, ки се ҳизби ислоҳталаби Сербистон дар робита ба таъсиси ҳукумати эътилофӣ ба созиш расиданд.


Созиш дар мавриди таъсиси ҳукумати эътилофӣ пас аз чаҳор моҳи баргузории интихоботи порлумонии Сербистон ба даст омад, ки дар он ҳеҷ яке аз аҳзоб барои таъсиси ҳукумат раъйи кофӣ ба даст наоварданд.
XS
SM
MD
LG