Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории муҳофизи рақами яки Сафармурод Ниёзов аз мақом


Қурбонгелдӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон раҳбари бонуфузи идораи ҳифзи амнияти худро аз мақомаш барканор кардааст.


Бино ба иттилои телевизиони давлатии Туркманистон, Оқмурод Раҷабов, ки ҳанӯз аз замони Шӯравӣ раҳбари ин идора буд, бо фармони раиси ҷумҳур ба мақоми дигаре таъйин шудааст.


Оқмурод Раҷабов тайи 21 сол раҳбари идораи ҳифзи амнияти раиси ҷумҳури пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов буд, ки моҳи декабри соли гузашта даргузашт.
XS
SM
MD
LG