Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зино ба СПИД мебарад"


Рашт

Як гурӯҳ намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятии навоҳии Хатлон ва водиҳои Ҳисору Рашт дар шаҳраки Ғарм зимни баргузории як мизи мудаввар роҳҳои ҷилавгирӣ аз маризии ВИЧ СПИД-ро баррасӣ карданд.


Кор дар утоқҳои боварӣ, ройгон ва ё пулакӣ будани маводи табобатӣ барои афроди мубтало, норасоии фанновариҳои тиббии ташхисӣ ва саргузашти як ҷавони тоҷик, ки баъди гирифторӣ ба ин маризӣ дар Русия дигар волидон ӯро ба хонаашон роҳ надодаанд аз зумраи сӯҳбатҳои ин нишаст буд.


Дар ин мизи мудаввар ҳузури фаъоли намояндагони дин дар пешгирии маризии СПИД таъкид шуд. Ҳоҷӣ Қурбон Шарифзода, имом хатиби масҷиди ҷомеъи Рашт бо ёдоварӣ аз як сафари худ ба Русия гуфт, боиси ташвиш аст, ки ахлоқи ҷавонон коста гардидааст.


Домулло Шарифзода гуфт, танҳо роҳи илоҷ бештар ба самъи мардум расонидани он ҳарф аст, ки ба ин гуна маризиҳо аксаран тариқи зино сироят меёбанд.
XS
SM
MD
LG