Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё метавон дар Тоҷикистон маводи радиоактивиро дуздид?


ки ин дархости Ожонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ то кадом андоза воқеъият дорад. B>як суҳбати кӯтоҳе анҷом дод ва нахуст аз ӯ суъол кард Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе Бароти Юсуфӣ < Соли гузашта ҳашт шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷурми қочоқи маводи радиоактивӣ боздошт шуда буданд ва додситонии кулли кишвар ахиран парвандаи онҳоро ба додгоҳ ирсол кардааст. Дар ҳамин ҳол Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ аз Ожонси амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии Тоҷикистон дархост кардааст, ки дар мавриди кӯшиши ғайриқонунӣ аз худ кардани маводди радиоактивӣ дар ин кишвар ҳисобот диҳад.

- Бале, баъди нашри он хабар, ки 8 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷурми қочоқи маводи радиоактивӣ боздошт шуданд, аз сӯи Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ, ё худ МАГАТЭ, ба ожонсии мо дархост омад, то ин масъаларо барлояшон шарҳ диҳем. Воқеъан, тибқи маълумоте, ки мо дорем, дар охири соли гузашта чанд шаҳрванди Тоҷикистон мехостанд якчанд миқдоре аз маводи радиоактивӣ, аз ҷумла нейтрон, плутон берилий ва сезийро, ба харидорони номаълуме фурӯшанд. Ва имрӯз, ки парвандаи онҳо ба додгоҳ ирсол шудааст ва муҳокимаи онҳо идома дорад, мо пас аз эъломи қарори додгоҳ ҳатман масъаларо ба МАГАТЭ равшан мекунем. Бар тибқи созишномаҳои байнулмилалӣ ва созишномаҳое, ки миёни Тоҷикистон ва МАГАТЭ ба имзо расидааст, мо доир ба тамоми масоиле, ки ба амнияти радиатсионӣ вобаста ба нигаҳдории манобеъи радиатсионӣ дар кишвар иртибот дорад, бояд ба ин ожонсӣ маълумоти заруриро пешниҳод намоем.
Масалан, якчанд сол пеш як мавриди қочоқи маводди радиоактивӣ дар кишвар рух дода буд ва мо аз натиҷаи он ба МАГАТЭ хабар дода будем. Воқеъан, ин ожонсии бонуфузи байнулмилалӣ бо нашри ин маълумот дар сомонаи интернетии худ масъулини кишвараҳои дигарро аз ин маврид огаҳ сохта буд.
Мо низ тақрибан ҳар рӯз аз МАГАТЭ дар мавриди қоҷоқу кашфи маводи радиоактивӣ дар ин ё он кишвар маълумот мегирем.

- Ва аммо, оқои Саломов, ба ҳар сурат, ба назари шумо нигаронии аслии Ожонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ аз як кӯшиши қочоқи маводдӣ радиоактивӣ дар Тоҷикистон чист?

- Яке аз талаботе, ки МАГАТЭ дар баробари тамоми кишварҳои аъзои худ мегузорад, баҳисобгирӣ, назорат ва нигаҳдории манобеъи радиоактивӣ ва ҳастаӣ мебошад. Зеро ин қабил мавод дар ҷаҳон зери назорати ин ожонсӣ мебошад. Ва ин имкон медиҳад, ки маводди радиоактивӣ ва ҳастаӣ дар ҷаҳон паҳн нашавад ва, гузашта аз ин, ба дасти афроди тасодуфӣ, ба вижа терористон, нарасад.

- Шумо чи андеша доред, оё дар Тоҷикистон ҳамин гуна шароите ҳаст ва ё имконе оё вуҷуд дорад, ки маводи радиактивӣ ва ҳастаӣ дар кишвар, онгуна, ки шумо гуфтед, ба дасти афроди тасодуфӣ, террористон афтад? Ва ҳамчунин ба назари шумо бо кадом сабабҳо ин мавод ҳатто аз хориҷ ба Тоҷикистон қочоқ мешавад?
- Бояд тазаккур дод, ки ду сол қабл як миқдори қобили мулоҳизаи маводи радиоактивӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон аз шаҳрванди Ӯзбакистон, ки мехост онро ба Тоҷикистон ворид кунад, боздошт гардид. Яъне, ӯ мехост ин маводро аз тариқи Тоҷикистон ба кишварҳои дигар интиқол дода, кишвари моро ба як минтақаи буферӣ табдил диҳад. Дар зимн бояд гуфт, як сабаби аслии ба дасти қоҷоқгарон афтидани маводи радиоактивӣ он аст, ки, мутаассифона, дар посгоҳҳои марзии мо бо кишварҳои дигари Осиёи марказӣ детекторҳои ташхису муайян кардани чунин мавод вуҷуд надорад.Аз ин рӯ аз тариқи нақлиёт ворид шудани маводди радиоактивӣ ва ҳастаиро мо комилан назорат карда наметавонем.
Ин қабил таҷҳизоти фаннӣ ҳатто дар фурӯдгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳани мо гузошта нашудааст. Ва ин метавонад сабаби ворид шудани маводди радиоактивӣ ва ҳастаӣ ба кишвари мо гардад.

- Дар ҳоле ки, ба гуфтаи шумо имкони тасарруфи ин қабил мавод аз сӯи бархе афроди тасодуфӣ мавҷуд аст, пас Ожонсии амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии Тоҷикистон чи гуна метавонад ҳамин гуна манобеъи маводди радиатсионӣ ва ҳастаиро дар кишвар зери назорати худ дошта бошад?

- Як чизро бояд фаромӯш накард, ки Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кардааст ва чанд сол дар кишвар бесарусомонӣ буд. Ва дар ин муддат, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, бисёр ташкилотҳо низ барҳам хӯрданд, ки баъзеи онҳо дар фаъъолияти худ маводди радиоактивиро истифода мебурданд. Аз ин рӯ имкон дорад, ки қисмате аз маводди радиоактивӣ дар дасти баъзе афрод боқӣ монда бошад.
Барои ҳамин ҳам, феълан мо бо кумаки баъзе Фондҳои байнулмилалӣ дар ин робита лоиҳаҳое тартиб дода истодаем, ки шояд то интиҳои соли ҷорӣ ва ё ибтидои соли оянда ба имзо расанд ва пӯштибонии моли ёбанд.
Ҳамзамон бо ин мо дар тамоми кишвар инвентаризатсияи манбаъҳои радиоактивиро шурӯъ кардем. Дар ҳоли ҳозир гӯрӯҳи кори мо ин корро дар вилояти Суғд идома дода истодааст. Ҳамчунин дар назди мо феҳрасти маводи радиатсионии замони шӯравӣ низ ҳаст ва мо онро бо ончи, ки имрӯз ҳаст, муқоиса карда, як бонки маълумотӣ таъсис медиҳем.
Бояд бигӯям, ин лоиҳаи мо аз сӯи Ожонсии амнияти радиатсионии ИМА пӯштибонӣ ёфт ва онҳо ба мо кумак расонида истодаанд. Баъди итмоми инвентаризатсия мо метавонем тамоми маводди радиоактивии дар кишвар бударо зери назорати қатъӣ бигирем.
XS
SM
MD
LG