Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сангтӯда-1: Суръати кор суст аст


ъъ

Ба иттилоъи Вазорати энержии кишвар, корҳо дар сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» аз нақшаи пешбинишуда чаҳор моҳ ақиб мемонанд. Ба гуфти як масъули ширкати саҳомии «Сангтӯда-1», ин ба он бурда мерасонад, ки бакордарории дар моҳи декабр ба назаргирифташудаи гидроагрегати аввалини нерӯгоҳ мавқуф гузошта шавад. Ӯ яке аз сабабҳои асосии сустшавии суръати корро дар нарасидани кадрҳои ихтисосманди корӣ медонад. Ӯ ҳамчунин афзуд: «Ин мутахассисон ҳавасмандии зарурии моддӣ ҳам надоранд. Дар чунин шароити корӣ, ки ҳарорати ҳаво беш аз 40 дараҷа гарм аст, барои меҳнати худ онҳо музди начандон калон мегиранд ва ин боиси он гардид, ки қисми зиёди мутахассисон ҷойҳои кории худро тарк карда, ҳамчун мардикорони одӣ аллакай ба Русия сафар кардаанд».


Ӯ инчунин зикр кард, ки феълан дар ин сохтмон наздик ба ҳамагӣ 1800 нафар машғул ба кор ҳастанд ва шояд маҳз аз ҳамин сабаб дар моҳи апрел дар қисмати конструктивии сарбанд ба ҷои 30 ҳазор метри мукаъъаб ҳамагӣ 26 ҳазор метри мукаъъаб бетон гузошта шуд.


Дар ҳоли ҳозир дар Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» аз 40 то 50 дарсади ҳаҷми умумии корҳо иҷро шудааст.


Ин шахси масъул ҳамчунин ба он ишорат кард, ки аз ҳисоби васеъ кардани майдончаи берунии монтажкунӣ, тағйироти сохторӣ дар обгузарҳои турбинаҳо ва дигар корҳои иловагӣ қимати умумии лоиҳа аз 482 млн. доллар то 598 млн. доллар зиёд шудааст.
XS
SM
MD
LG