Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани сарбози амрикоӣ дар даргириҳои Покистону Афғонистон


Бар асари даргирӣ дар наздикии марзи Афғонистону Покистон рӯзи душанбе, 14 май, дасти кам як сарбози амрикоӣ ва як сарбози покистонӣ кушта шудаанд.


Аммо доир ба ин ҳодиса гузоришҳои мухталифе мерасанд. Нерӯҳои покистонӣ тундравонро масъули ин даргирӣ медонанд, вале мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки як афсари покистонӣ сарбози амрикоиро куштааст.


Низомиёни амрикоӣ ба таҳқиқи ин ҳодиса пардохтаанд, ки ҳангоми музокироти нерӯҳои покистониву афғон барои хотима додан ба даргириҳо миёни марзбонони ду кишвар рух додааст.


Даргириҳо рӯзи 13 май оғоз шуда ва то кунун даҳҳо кушта бар ҷой гузоштааст.
XS
SM
MD
LG