Пайвандҳои дастрасӣ

Тамдиди таҳримот алайҳи Узбакистон


Вазирони Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифтаанд, то бахше аз таҳримоти ҷазоӣ ба зидди давлати Ӯзбакистонро лавғ кунанд.

Иттиҳодияи Аврупо номи чаҳор мақоми расмии Ӯзбакистонро аз феҳрасте хориҷ хоҳад кард, ки афроди шомили он ҳаққи сафар ба кишварҳои аврупоиро надоранд. Дар ин феҳраст Иттиҳодияи Аврупо 12 мақоми олирутбаи Узбакистонро ворид карда буд.

Аммо таҳримоти манъи фурӯши силоҳ ба зидди Ӯзбакистон ҳамчунон барҷой хоҳад монд.

Иттиҳодияи Аврупо пас аз саркӯбии хунини тазоҳурот дар шаҳри Андиҷон дар ду соли пеш ба зидди Ӯзбакистон таҳримот эъмол кард.

Тафсилоти нишасти вузарои Иттиҳодияи Аврупо дар сӯҳбат бо хабарнигори бахши узбакии Радиои Озодӣ Ҳурмат Бобоҷон, ки дар ин нишаст дар шаҳри Брюссел ширкат дошт.

Рамзи радиоро пахш бикунед ва ҳамчунин сӯҳбат бо Соҷидаи Мирзо, мудири бахши узбакии радиои Озодиро дар бораи лоббиҳои Узбакистон дар Иттиҳодияи Аврупо ва вазъи ҳуқуқии мардуми ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон бишнавед.

Вобаста

XS
SM
MD
LG