Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди мусаллаҳонаи Покистону Афғонистон


Дар бархӯрди мусаллаҳонаи нерӯҳои Афғонистону Покистон, ки рӯзи якшанбеи 13 май шурӯъ шудааст, ҳадди ақалл 41 афғон куштаву даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Раҳул Бедӣ, шореҳи минтақавии ҳафтаномаи "Ҷейнс Дефенс" чопи Лондон гуфтааст, рӯзноманигоронро ба мавзеи бархӯрд роҳ намедиҳанд ва маълумоти зиёде, ки аз он ҷо интишор мегардад, қобили эътимод нест. Ӯ гуфт, афғонҳо хатти марз бо Покистонро эътироф намекунанд ва дар минтақаи қабилаҳо, ки расман зери назорати ҳукумати Покистон аст, рафтуомади мардум доимо идома дорад ва дар он ҷо ҳукумати воқеии кадом яке аз тарафҳо эҳсос намешавад.

Шореҳи британиявӣ дар бораи таърихи ин низоъ мегӯяд:

"Ин марз хатти Дуранд ном дорад. Онро ҳукумати Британия дар асри 19 танзим намудааст. Онро афғонҳо ҳеҷ гоҳ эътироф накардаанд. Паштунҳо, ки аксарияти аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд, дар ҳар ду тарафи марз иқомат доранд. Ин минтақаи марз ба тахминан 1200-1400 километр баробар аст. Покистон мехоҳад як девори 20-30 километраи рамзӣ бунёд намояд, вале бо мушкилӣ мувоҷеҳ аст. Сарфи назар аз он, ки ин амал воқеан имкон надорад, Покистон бунёди девори рамзиро идома медиҳад. Бунёди девор дар ин марз мумкин нест, зеро замини ин мавзеъ ба ин кор имкон намедиҳад."

Шореҳи маҷаллаи "Ҷайнс Дефенс" Раҳул Бедӣ мегӯяд, дар ҷанг бо терроризм ҳам Покистон ва ҳам Афғонистон муттафиқи Амрико мебошанд, вале ҳар яке дар алоҳидагӣ. Бедӣ бар ин назар аст, ки Покистон саъй дорад ба мисли 15- 20 соли гузашта дар умури Афғонистон садои баландтаре дошта бошад. Дар амал Толибон дастпарвадаи Покистон мебошанд.

Билохира Бедӣ такъкид мекунад, ИМА ва паймони Нато бо мушкили рафъи душмании миёни афғонҳову покистониҳо мувоҷеҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG