Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камобӣ ва зарарҳои он ба иқтисоди Тоҷикистон


Хуҷанд ва Каюмарси Ато Мақомоти кишоварзӣ ва муҳитзистии Тоҷикистон аз нарасидани об барои обёрии зироат шадидан изҳори ташвиш мекунанд.

Мақсадулло Исмоилов, сардори раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми санҷиш рӯшан шуд, ки аз ҳоло заминҳои калонтарини пунбапарварии Мастчоҳ, Зафаробод, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафурови устони Суғд дар вазъи камобӣ қарор доранд.

Оқои Исмоилов гуфт, хоҷагиҳои пунбапарвари ин навоҳӣ аз ӯҳдаи рӯёнидани ҳосили солонаи пахта баромада наметавонанд. Тибқи иттилои расмӣ, имсол хоҷагиҳои пахтакори Тоҷикистон вазифадоранд, ки ба ҳисоби беш аз шашсад ҳазор тонна пахта рӯёнанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки муддати ду соли ахир ин хоҷагиҳо нақшаи солонаи худро иҷро карда наметавонанд.

Имсол, тибқи маълумоти қаблии Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон тобистон нисбатан гарм омада, бориш камтар мешавад. Ҳамин тариқ, ба қавли ин манбаъ, сатҳи оби Тоҷикистон имсол тақрибан ҳаждаҳ фисад поёнтар хоҳад рафт.

Идораи хоҷагии оби устони Суғд мегӯяд, камии боришот ва паст рафтани сатҳи об дар рӯдхонаи Сир дар пасманзари тақсими захории обии минтақа дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ кишоварзони суғдро бо мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ кардааст.

Ҳалим Ҳоҷиев, муовини сардори раёсати хоҷагии оби Суғд гуфт, иллати танқисии имсолаи об кишварҳои Осиёи Марказии канори рӯдхонаи Сир, аз ҷумла Тоҷикистонро водор кард ба хотири захира ва сарфаи об аз захоири обии рӯдхонаи Сир истифодаи поздаҳ дар сади кам аз меъёри ҳарсоларо ба роҳ монанд. Дар пайи ин иқдом киштзорҳои хоҷагиҳои кишоварзии бархе аз манотиқи Суғд: Мастчоҳу Зафаробод, Ашту Конибодом ва Ҷаббор Расулов, ба шумули киштҳои пахтаву биринҷ, ба камбуди сахти об дучор омадааст. Ӯ афзуд : «Вазъи кишоварзон мушкил шуда буд, инро ба назар гирифта, мақомоти дахлдори ҳукумати Суғд ва марказӣ иҷоза доданд ба ҷои пешина 260 мукааб 360 мукааб об дар як сония, яъне сад мукааб зиёдтар барои обёрӣ аз рӯди Сир об бигирем.»

Ба ҳамин тариқ, тақсими захоири обии минтақа дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ кишоварзони Суғдро водор кардааст ба хотири аз беобӣ нобуд нашудани кишти кишоварзони кишварҳои дигари канори рӯдхонаи Сир - Узбакистон ва Қазоқистон аз оби рӯдхонаи Сир аз рӯи меъёри шадид истифода ва ба танзими он риоят кунанд.
Минтақаи шимолии Тоҷикистон дорои 250 ҳазор гектар заминҳои қобили кишт аст, ки ҳафтоду панҷ дар сади он тавассути насосҳои обкашӣ умдатан аз рӯди Сир ва зохоири обии зеризаминӣ обёрӣ мешавад.

Як соҳибкор аз ноҳияи Ашт- Рӯзибой Махсумов мегӯяд, вай се гектар замини кишти шахсӣ барои истифодаи якумра дорад. Вай маблағи истифодаи барқ ва обро пешпардохт кардааст. Аз ин рӯ киштзораш дар ҳоли ҳозир бо об таъмин аст. Аммо вай меафзояд, ки аз тақдири ояндаи замини кишти худ дар фасли гармо хотирҷамъ нест:

«Дар ҳар мавсим ҳодисаҳое ҳам мешавад, ки масъулини идораи барқ ва ё об бе ҳеҷ огоҳӣ, бо баҳонаҳои набуди об ва ё таъмир интиқоли қувваи барқро қатъ мекунанд. Масалан, дар тобистони соли гузашта даҳҳо гектар хоҷагиҳои кишоварзии ба номи Калинин дар ноҳияи Ашт ба сабаби надодани барқ ба дастгоҳи обкашӣ хушк шуда рафт. Ин гуна ҳодисаҳо дар бархе аз хоҷагиҳои ноҳияҳои дигар ҳам ба амал омадаанд.»

Аммо кишоварзони Суғд мегӯянд, қисмате аз хоҷагиҳои кишоварзии Суғд дар пайи касодии молӣ ва қашшоқӣ тавони пешпардохт ва ё умуман пардохти маблағи истифодаи обро надоранд. Оберо, ки тавассути насосҳои обкашӣ бо нирӯи барқ аз рӯди Сир ба киштзорҳо дода мешавад. Идораи барқи Суғд мегӯяд, хоҷагиҳои кишоварзии Суғд дар назди ин идора барои истифодаи барқ бист миллион сомонӣ, баробари беш аз 6 миллион доллари амрикоӣ, вом бар дӯш доранд. Идораи хоҷагии оби Суғд меафзояд, хоҷагиҳои кишоварзии Суғд барои истифодаи об низ 28 миллион сомонӣ, муодили беш аз 8 миллион доллари амрикоӣ қарз доранд.

Дар ҳамин ҳол, Тоҳири Абдуҷаббор, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, камшавии об ба иқтисоди кишвар бетаъсир нахоҳад монд. Вай гуфт, дар натиҷаи камшавии об ҳосили пахта, ки боигарии Тоҷикистон унвон мешавад, кам ва хушкшавии заминҳои шоликор боиси боз ҳам гарон шудани баҳои биринҷ дар бозорҳои кишвар мешавад.

Коршиносон мегӯянд, чунин камшавии об тақрибан дар шаш ё ҳафт соле як маротиба такрор мешавад. Ба гуфтаи онҳо, соли 2000 низ чунин камшавии об ва хушк шудани заминҳои пахтакору шолизор мушоҳида шуда будааст.
XS
SM
MD
LG