Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвои ҷиноҳи Искандаров рад шуд


FM

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даъвои ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандарови Ҳизби демократи Тоҷикистонро дар робита ба ғайриқонунӣ ҳисобидани анҷумани ҷиноҳи Масъуд Собирови Ҳизби демократи Тоҷикистон аз ҷониби онҳо ва эътирофи ин ҷиноҳ аз сӯи вазорати адлияи Тоҷикистон рад кард. Қаблан низ ҷиноҳи Искандаров дар ҳамин робита ба додгоҳ шикоят бурда буд.


Абдулло Раҳматов, қозии додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур, ҳангоми қироъати қарори додгоҳ гуфт, даъвои Ҳизби демократи Искандаров собит нашудааст.


Дар ҳамин ҳол, тарафдорони Искандаров, ки дар мурофиъа ширкат доштанд, то ба тасвиб расидани қарори додгоҳ толори мурофиъаро тарк карданд. Эьтирози аъзои ҷиноҳи Искандаров дар пайи он сурат гирифт, ки қозӣ, вакили ҷиноҳи Масъуд Собиров ва намояндаи вазорати адлия аз тамошои сабти видеоии анҷумани доиркардаи ҷиноҳи Собиров дар моҳи августи соли гузашта даст кашиданд.


Раҳматулло Валиев, муовини раъиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров) изҳор намуд, ки тамоми аснод дар мавриди ғайриқонунӣ баргузор шудани анҷумани ҷиноҳи Собиров ва эътирофи ғайриқонунии вазорати адлияро додгоҳ якҷониба баррасӣ кардааст.


Оқои Валиев ҳамчунин гуфт, аз сабти видеоии анҷумани ҷиноҳи Собиров барои додгоҳ маълум мешуд, ки дар он намояндаи вазорати адлия ширкат накардааст. Оқои Валиев афзуд, ин маънои онро дорад, ки ин анҷуман ва интихоб шудани Собиров ба раёсати Ҳизби демократи Тоҷикистон ғайриқонунӣ аст.


Дар ҳамин ҳол, Қурбоналӣ Бобоев, намояндаи вазорати адлияи Тоҷикистон дар мурофиъа, муътақид аст, ки дидани ин сабти видеоӣ зарурат надорад.
Раҳматуллоҳ Валиев гуфт, ки акнун шикоят ба додгоҳи шаҳри Душанбе хоҳад бурд.

Фарҳоди Милод, Душанбе.
XS
SM
MD
LG