Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сандуқи байнулмилалии пул феълан ба Тоҷикистон кумак намекунад


by

Карлос Пинеруа, раҳбари намояндагиии Сандуқи байнулмилалии пул дар Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 14 май гуфт, бар тибқи пешгӯии ин созмон соли ҷорӣ мизони таваррум дар Тоҷикистон то ба 9 дарсад хоҳад расид.


Оқои Пинеруа ин нуктаро пас аз мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон эълом дошт ва гуфт, ки онҳо дар ин мулоқот роҳҳои ҳамкории Сандуқи байнулмилалии пул бо Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Ба гуфтаи Карлос Пинеруа, мизони таваррум дар Тоҷикистон то ҳадде баланд ва ин баёнгари вазъи ҳақиқии рушди иқдисодии ин кишвар мебошад: «Ба эътиқоди ман, чанд далел сабаби баланд шудани мизони таваррум дар соли гузашта дар Тоҷикистон гашта буд, аз ҷумла, камҳосилӣ дар баъзе бахшҳои кишоварзӣ. Аммо соли ҷорӣ мо мизони таваррумро дар Тоҷикистон 9 дарсад тахмин мезанем, ки воқеъист ва дар қиёс бо соли гузашта ин нишондод беҳтар аст».

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта мизони таваррум дар Тоҷикистон бештар аз 12 дарсадро ташкил дода ва аз пешгӯии мақомоти Тоҷикистон хеле болотар буд. Аммо Оқои Пинеруа як иллати дар соли ҷорӣ то ба 9 дарсад боло шудани мизони таваррум дар кишварро ба боло рафтани нархи барқ марбут медонад. Ӯ ҳамзамон зарурати баланд бардоштани нархи барқ дар Тоҷикистонро таъкид кард ва афзуд, ки ин иқдом ба хотири беҳтар сохтани вазъи молии ширкати «Барқи Тоҷик» хоҳад буд.


Ҳамзамон бо ин, раҳбари намояндагии Сандуқи байнулмилалии пул дар Тоҷикистон иттилоъ дод, ки қарор аст, дар ҳамдастӣ бо ҳукумати ин кишвар нишасти сармоягузорон дар Тоҷикистон 2 июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардад


Оқои Пинеруа мегӯяд, феълан Сандуқи байналмилалии пул тасмим надорад, ки ба Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, ин созмон бо ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди феълан сармоягузорӣ накардан ба ин кишвар ба ифоқа расидааст, чунки Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз дигар кишварҳо сармоягузоронро ба иқтисодиёти худ ҷалб кардааст.


Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG