Пайвандҳои дастрасӣ

"Регар" ТадАЗ - дар садри ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон


Дар се бозӣ мизбонон пирӯзӣ ба даст оварданд. «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бар CSKA «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 1, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бар «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Гвардия»-и Душанбе бар «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи якхелаи 1 бар 0 ғалаба карданд. Як бозӣ байни ду дастаи шаҳри Қӯрғонтеппа - «Вахш» ва «Тоҷиктелеком» - бо натиҷаи мусовии бидуни гол хотима ёфт.

Ба иттилоъи Федеросиюни футболи Тоҷикистон бозии ду дастаи шаҳри Душанбе - «Энергетик» ва «Хима» бинобар ширкати се бозигари «ХИМА» дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё дар Ҷопон мавқуф гузошта шуд.

Бад-ин тартиб «Регар» ТадАЗ, ки дар ҳашт бозӣ пирӯз гаштааст, бо 24 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад. Воқеъан, рӯзи 14-ми май дастаи «Регар» ТадАЗ, қаҳрамонии феълии футболи Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқоти байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё бояд ба шаҳри Лоҳури Покистон сафар мекард. Вале ин сафар доир нагардид. Чаро?

Ба ин суоли мо Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, чунин посух дод: «Бино бар вазъи ноороми сиёсӣ дар Покистон Конфедеросиюни футболи Осиё тасмим гирифт, ки Ҷоми раиси AFC дар кишвари дигар баргузор шавад. Дар бораи макон ва замони бургузории ин мусобиқот AFC рӯзҳои наздик ба ширкаткунандагони бозиҳо хабар медиҳад.»

Дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 18 имтиёз дар ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар ҷойи дуввум мебошад. Тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 14 имтиёз аз 7 бозӣ дар зинаи севвум ҷойгир шудааст.

Мавқеъи дастаҳои дигар дар ҷадвали мусобиқот чунин аст: 4. "Тоҷиктелеком" - 13 имтиёз (7 бозӣ). 5.«Динамо» - 11 (7). 6.«ХИМА» - 8(7). 7. «Энергетик» - 7 (7). 8. «Хуҷанд» - 7 (7). 9. CSKA «Помир» - 6 (7). 10. «Гвардия» - 3 (7). 11.«Саройкамар» - 1 (7).

Бозиҳои даври нӯҳуми мусобиқот рӯзҳои 2-юму 3-юми июн баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG