Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти САҲА ва НАТО ба Душанбе меоянд


Қарор аст, имрӯз, 14 май, кумиссионери олии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури аққалиятҳои миллӣ Ралф Экеус бо як сафари дурӯза ба Душанбе биёяд.


Тибқи иттилоъи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ҷараёни ин сафар Ралф Экеус бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, вазири умури хориҷа Ҳамроҳхон Зарифӣ ва дигар мақомоти олирутба дидору гуфтугу мекунад ва сипас ба вилояти Суғд меравад.


Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки ҳафтаи оянда намояндаи хоси дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ барои Осиёи Марказӣ Роберт Симмонс ба хотири дидору гуфтугу бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомоти олирутбаи Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе мешавад. Доир ба масоили гуфтугу хабаре интишор нашудааст.
XS
SM
MD
LG