Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кондолиза Райс ба Маскав меояд


Кондолиза Райс, вазири умури хориҷаи Амрико имрӯз, 14 май бо як сафари дурӯза вориди шаҳри Маскав мешавад.


Дар ҷараёни ин боздид, хонум Райс бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва вазири умури хориҷа Сергей Лавров дидору гуфтугу хоҳад кард.


Сафари Кондолиза Райс ба Маскав дар ҳоле сурат мегирад, ки равобити Амрикову Русия осеб дидааст. Давлати Русия мухолифи истиқрори системи зиддимушакии Амрико дар Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех аст.


Ва дигар масъалае, ки ин ду қудрати ҷаҳонӣ дар он ихтилофи назар доранд, сарнавишти минтақаи Косовои Сербистон аст. Амрико мехоҳад, Косово соҳиби истиқлолияти таҳти назари ҷомеаи байналмилал бошад, аммо Русия мухолифи ин пешниҳод аст.
XS
SM
MD
LG