Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Натоиҷи интихоботи порлумонии Арманистон


Бино ба натиҷаҳои аввалияи интихоботи порлумонии Арманистон, Ҳизби русиягарои ҷумҳурихоҳ, ки нахуствазири Арманистон низ узви он аст, аксари курсиҳоро соҳиб шудааст.


Ин ҳизб дар интихоботи рӯзи шанбе 12 май, 40 сади раъйи мардумро ба даст оварда ва Ҳизби рушди Арманистонро ақиб гузоштааст. Ин ҳизби ҳампаймон бо ҳизби ҳоким 15 дар сади раъйи мардумро соҳиб шудааст.


Аммо нерӯҳои мухолифи давлат ва аҳзоби ғарбгаро иддао кардаанд, ки интихобот олуда ба тақаллубкорӣ будааст.


Нозирони ғарбӣ интихоботи Арманистонро нисбатан шаффофу мунсифона арзёбӣ кардаанд. Раҳбари давраии Иттиҳодияи Аврупо Олмон гуфтааст, ки тамоми раъйгирӣ шаффоф сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG