Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ва Амрико вазъи Ироқро баррасӣ мекунанд


Мақомоти ИМА ва Эрон эълон намуданд, ки қасд доранд, ҳафтаҳои наздик дар шаҳри Бағдод барои баррасии вазъи амнияти Ироқ мустақиман гуфтугу кунанд.


Эрон, ки аз соли 1980 то кунун бо ИМА равобити дипломатӣ надорад, нахустин шуда дар бораи баргузории музокирот эълом кард ва фурсате баъд аз ин сухангуи Кохи Сафед Гордон Ҷондро гуфт, ки зимни нишаст дар Бағдод сафири Амрико Эронро ба ифои нақши созанда дар Ироқ тарғиб хоҳад кард.


Иёлоти Муттаҳидаро дар ин гуфтушунуд сафираш дар Бағдод Риян Крокер намояндагӣ хоҳад кард, ки борҳо Эронро ба ҳимоят аз шӯришиёни шиъамазҳаби ироқӣ ва талош барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ айбдор кардааст. Аз Эрон низ сафири кишвар дар Ироқ дар музокирот ширкат мекунад.


Тафсили бештари ин хабар дар гӯшаи сиёсат
XS
SM
MD
LG