Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии нахустини Тоҷикистон дар майдони футзоли Ҷопон


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар нахустин дидори худ дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё дар шаҳри Осакаи Ҷопон бар тими Ҳонконг бо натиҷаи 6 бар 4 ғалаба кард.


Қабл аз бозиҳо, Тоҷикистон ва Ҳонконг дар ин мусобиқот довталабони аслии роҳхати дуввум ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ маҳсуб мегардиданд. Коршиносон тахмин мезананд, роҳхати якум аз ин гурӯҳ насиби соҳибони майдон, тими Ҷопон мегардад. Ва аммо ҳамакнун бо пирӯзӣ бар Ҳонконг, тими Тоҷикистон бо дили пур ба бозии дигари худ бо Филиппин тайёрӣ мебинад.


Аммо дарёфти се хол аз бозӣ бо Ҳонконг барои Тоҷикистон осон ба даст наомад.


Тафсилоти бозии Тоҷикистону Ҳонконг ва кулли натоиҷи даври аввали мусобиқот дар бахши Ҷаҳони Варзиш
XS
SM
MD
LG