Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши аҳолӣ


Дар ин бора бихонед


Агар нигоҳубин карда натавонӣ, чаро ба дунё меорӣ? Дар бозорҳову дар мамлакатҳои дигар сарсон шуда барои як бурдаи нон кор карданаш? Барои ҳамин, миллат, як бор фикр кунед, баъд ба як қарор оед....Як инсонро меофаред, на бозичаи MADE IN CHINA-ро.
---------------------------------

Замона дигар шуду мо ҳам дигар шудем. Бист сол пеш ба модари серфарзанд унвони қаҳрамонӣ медоданд ва бо медали тило мушарраф мегардоданд, ҳама маҷбуран таълим мегирифтанд, бо кор таъмин мешуданд, замин мерасид,......имрӯз баръакс ба камфарзандӣ мехонанд, аз мушкилот меноланд, сабабҷӯӣ мекунанд.....
Ҳайронам, дар Русия ба модарони фарзанддор ба сари ҳар як фарзанд 10 000 доллар медиҳанд, ба ҳама ҷои кор ва мактабу мадраса мерасад, ҳеҷ илоҷашро намеёбанд, занон таваллуд кардан намехоҳанд, аммо дар кишвари мо бошад аз зиёдшавии аҳолӣ бим медиҳанд, роҳи гурез аз масъулият меҷӯянд.
Мушкил, мушкили фарзандон нест, мушкили падарон ва калонон аст, Тоҷикистон кишвари кишоварзист ва кишоварзӣ дасти кории бештарро мехоҳад, ҳар кишвари бой бидуни дасти кории зиёд бой нагаштааст, аввал бой шудан даркор баъд ин мушкил худ аз худ ҳал мешавад, вагарна фардо як фарзандро ҳам таъмин карда натавонем, чӣ кор мекунем, аз баҳри фарзанд мегузарем? Ҳозир ҳазорҳо оилаҳо ҳастанд, ки аз сабаби надоштани фарзанд, бахусус писар дучори мушкилот гаштаанд, ҳалли ин дар дасти калонҳост калонҳо....
Ислом
---------------------------------------------

Салом ба ҳама
Ҳама олиму донишманд, ки бошад, кӣ мардикорӣ мекунад ???
Ягон таълиму тарбия баҳонаи маҳдуд сохтани аъзои оила шуда наметавонад. Ҳамаи ҷонибҳоро дар назар бояд гирифт.
-------------------------------

Салом ба коршиносони гиромии Майдони Баҳс,
Танзими оила барои ҳамаи ҷомеаҳо, бахусус, ҷомеаи мо, ки аз ҳар назар: иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ғайра дар фақр ба сар мебарад, бисёр зарур аст. Як нуктаро бояд таъкид намоем, ки ояҳои Қуръони муқаддас ва аҳодиси ҳазрати Муҳаммад (с)-ро фақат муфассирон ва муҳаддисон ҳақ доранд, таҳлилу тафсир намоянд.
Ба назари ман, як фарзанди пок, солеҳ, олим ва муфид барои дин ва ҷомеа беҳ аз даҳ фарзанди бесавод, фосиқ ва сарлучу пойлуч аст.
Қубодиёнӣ
-----------------------------------------

Бародари азизам Шаҳриёр. Шумо мисол овардед, вале он бозгӯкунандаи масъала нест. Ман ҳам як мисол меорам. Дар шаҳраки Навободи Ғарм солҳои пеш дар оилаи як муаллим 10 нафар фарзанд тарбия меёфт ва ҳамаашон писар буданд. Ҳамаашон баъди хатми мактаби миёна дар мактабҳои олӣ хонда, маълумоти олӣ ҳам гирифтанд. Имрӯз баъзеашон аз рӯи ҳамон касбҳои андӯхтаашон кор мекунанд, вале баъзеашон, чун аз рӯи ҳамон маълумотҳояшон наметавонанд дар Тоҷикистон кор карда оилаҳояшонро таъмин кунанд, барои кор ба Россия мераванд. Вале як ҳамсояи ҳамон муаллим ҳамагӣ ду фарзанд дошт (писар), вале онҳо на дар мактаби миёна дуруст таҳсил карданд ва на соҳиби маълумоти олӣ шуданд. Яке аз онҳо, ки беномус буд, имрӯз зиндагии қашшоқона дорад (гоҳ-гоҳ дар ҳамин ҷо кор меёбаду бар ивазаш чор танга), вале бародари ӯ ҳар сол ҳашт-нӯҳ моҳӣ Россия рафта кор мекунад, зиндагиаш хуб аст ва модарашро ҳам дар хонаи худаш нигоҳубин мекунад (падараш зинда нест).
Ман бо ин гуфтаниам, ки фарзанди зиёд доштан ҳеч бадие надорад, балки хуб аст. Муҳиммаш он аст, ки онҳо баномус бошанд. Оне ки баъзе аз фарзандони мардум мариз ҳастанд, ба камиву бисёрии онҳо чӣ муносибат дорад? Охир, оилаҳое ҳастанд, ки ҳамагӣ як фарзанд доранд, вале он ҳам модарзод мариз аст. Лекин оилаҳое ҳастанд, ки аз 8 то 10 фарзандӣ доранду ҳамаашон солиму саломат.
Бо саломи бародарӣ, Шарифбек
--------------------------------

Ин ҷо як бародари хуб мегӯяд, ки ҳар чӣ қадар оилаҳои серфарзанд зиёд бошанд, ҳамон қадар хуб аст, зеро бисёриҳо Русия мераванду маблағ мефиристанд ва зиндагӣ хуб мешавад.
Бародари азиз, валлоҳ, ки ин хато аст, онро фикр бикунед, ки тоҷикони бечора дар Русия чӣ қадар азоб мекашанд. Мо бояд фарзанде тарбия кунем, ки бомаърифату болаёқат бошад, на ин ки Русия бираваду аробакашӣ бикунад.
Ҳамаи тоҷикмардон агар аробакаши Русия шаванд, пас аробаи тоҷикро кӣ мекашад? Инро фикр бикунед, ки фарзандҳои ин аробакашон кӣ мешаванд? Боз аробакашу боз дар ба дар...
Ё ки бисёр бародарон фикр доранд, ки ҳар чӣ фарзанд бисёр бошад, ризқашро Худо медиҳад. Бародарон, худ ба худ ягон кас ба ягон кас ҳеҷ чиз надодааст, мо набояд фаромӯш кунем, ки Худо мегӯяд, ки аз ту ҳаракат, аз ман баракат...
Далер
----------------------------------

Салому алайкум,
Ин ҷо ягон мушкилие несту лекин мо худамон худамонро дар мушкил меандозем. Худованд ҳар як инсонро ҳангоми дар батни модараш будан ба малоика амр медиҳад, ки се чиз бинависад: Кай мемирад, дар куҷо мемирад ва ризқашро. Худованд раззоқ аст ва худаш ризқ медиҳад ба халқаш ва гуфтааст, ки макушед фарзандонатонро аз тарси гуруснагӣ. Ва иншоаллоҳ, ки аҳолиямон бисёр бошад, ҳеҷ бадие надорад, қувват мешавад барои мо ва барои муҳофизати Ватан.
Комилҷон, Душанбе
--------------------------------------------

Ассалому алайкум, ҳамватанони азиз,
Дар замоне, ки мо зиндагӣ мекунем, бениҳоят, ҳатто як кӯдакро ҳам калон кардан мушкил аст. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда мардуми мо 3-5 фарзанд таваллуд мекунанду тамоман тасаввур надоранд, ки чӣ гуна ба онҳо, пеш аз ҳама дониш ва тарбия медиҳанд. Мо бояд фаромӯш накунем, ки 93 % Тоҷикистон кӯҳсор аст, агар, Худо нишон надиҳад, рафтаву Русия тоҷикҳоро аз заминаш пеш кунад, баъд мо чӣ кор мекунем бо 8-9 миллион аҳолиамон, дар Тоҷикистоне, ки фақат 1.5-2 миллионро хӯронда метавонад. Бовар кунед, одамхӯрӣ мешавад.
------------------------------------------

Ба бародари азизам, Шералӣ
Ташаккур, ки ба ҳарфи ман диққат додаед ва вақти худро сарф намуда ба он посух навиштаед. Ман дар тақвияти гуфтаҳоям танҳо як мисол оварданиям:
Ду бародарро мешиносам, ки яке 8 ё 9 фарзанд дорад ва дигаре се фарзанд. Даромади ҳарду бародарон тақрибан якгуна аст. Аммо табиист, ки харҷашон фарқ мекунад. Ҳардуи ин бародарон писарҳои ҳамсин (каме аз бист боло) доранд. Писари бародари серфарзанд баъд аз мактаби миёна имкони таҳсилро надошт, соли саввум аст, ки Русия меравад ва аробакашӣ мекунад. Фарзандони дигари бародари серфарзанд низ зуд-зуд мариз мешаванд. Барои он мард зиндагӣ хеле мушкил аст.
Ва аммо бародараш, ки се фарзанд дорад. Мошин дорад. Писараш, баръакси он амӯзодаи ҳамсиннаш ба донишгоҳ дохил шуд ва имсол донишгоҳро хатм мекунад. Донишаш ҳам хуб аст. Ба назар мерасад, зиндагияшон ба хушӣ мегузарад.
Шумо мехостед, фарзандатон донишгоҳ биравад ва ё Русия ба мардикорӣ?
Шаҳриёр
------------------------------------

Ассалому алайкум, вақте арабҳо фарзандҳояшонро мекуштанд, барои он мекуштанд, ки мо аз куҷо барои онҳо нону об пайдо мекунем. Парвардигор барои ин хел шахсҳо нидо карда гуфт, «Эй, мардум, макушед фарзандҳоятонро аз хафви гуруснагӣ. Мо ризқ медиҳем онҳо ва шуморо».
Ин ваъдаи Худованд аст, то чанде аҳолӣ зиёд бошад, ҳамон қадар хуб мешавад. Натарсед аз гуруснагӣ, шуморо кӣ ризқ медиҳад? Баракат дар бисёрӣ аст.
---------------------------------

Hello, just wanted to say my opinion.
Some people say that God will take care so produce as many kids as you can but doesn't God say don't depend on me? I mean this is really stupid in what century this people living? First of all, the women are not machine, second you can't just sit and pray that God will put food in your table, cloth your kids, give your children good education, its just won't happen and if you, people have some brain in that skull of yours, you won't bring child to this knowing that you can't look after it. You are responsible for that child and if you can't give good life its better not have one for sake of that poor child as much as yours.
--------------------------------

Ин ҷо ягон проблема вуҷуд надорад. Мо хоҳем, нахоҳем аҳолӣ зиёд мегардад. Қисме аз аҳолӣ нияти ба Россия ва дигар кишварҳо кӯч бастанро дорад. Агар ҳеҷ нашавад, Тоҷикистон заминҳои бекорхобидаи зиёд дорад ва бояд истифода барад. Масалан, худи як шаҳри Прага 10 млн аҳолӣ дорад.
Гулмурод, Душанбе
-----------------------------------

Ман фикр мекунам, ки фарзанди бисёр доштан ин боигарӣ аст. Ман соҳиби се фарзандам ва дар оянда агар Худо розӣ бошад, боз мехоҳам, соҳиби се фарзанди дигар шавам. Агар бовар кунед, ман худамро бениҳоят хушбахт меҳисобам дар миёни фарзандҳо. Ба диққататон ташаккур,
Наргиси Нусратулло
---------------------------------

Салом ба ҳамаи мардуми тоҷик,
Фикри ман дар ин бора ин аст, ки бояд аҳолии Тоҷикистон зиёд бошад ва файзу баракат ба ҳар як хонадони кишвар меояд, иншоаллоҳ.
Неъматуллоҳ Юнусӣ,
-------------------------------

Салом ба ҳама!
Дар ин мавзӯъ ман фикр мекунам, ки дар робита ба зиёд шудани аҳолӣ ташвишҳои шумо ва ҳукуматдорон беасос аст.
Мо ҳамаамон хуб медонем, ки имрӯз мардикорони дар хориҷ будаи мо ва пули ба Ватан ба хешу наздиконашон мефиристодаи онхо сабаби як навъ зиндагӣ доштани мардуми дигари кишвар мебошад. Пинҳон нест, ки онҳо маблағи баробар ба 3 ё 4 буҷаи ҷумҳуриро ба Тоҷикистон мефиристанд ва агар ин пули онҳо набошад, намедонам, ки чӣ гап мешавад дар Тоҷикистони мо.
Аз ҳамин сабаб ҳам ҳар қадар фарзандони мо зиёд бошанд, ҳамон қадар хубтар аст, чунки чӣ қадар одамони мо дар Русия кор карда пул фиристанд, ҳамон қадар хубтар аст.
Бовар кунед, ман ин ҳамаро аз сидқи дил ва сӯзи дил менависам.
Мурод Азизов, шаҳри Душанбе
-----------------------------------------------

Ассалому алайкум, ҳамватанони азиз,
Ман аз шумо хоҳиш дорам, ки зидди бисёрфарзандӣ нашавед, агар аз хӯрондану пӯшондан андеша кунед, зиқ нашавед, зеро Аллоҳ кафолат додааст, ки фарзандро ӯ медиҳад ва ризқашро ҳам ӯ медиҳад.
Бо эҳтиром, Қобилҷон
-----------------------------------------

Ассалом, бародарону хоҳарон,
Зиёдшавии тоҷикон шояд барои мо хуб бошад, вале фаромӯш накунед, ки ММД-и бе ин ҳам кӯчаки Тоҷикистон ба сари ҳашт миллион одам тақсим мешавад. Ин маънои боз ҳам кам шудани сатҳи дониш, пастшавии ахлоқ ва коҳиши имиҷи Тоҷикистон дар хориҷ мегардад. Ман дар хориҷи кишварам ва ҳар сол зиёда аз 10 000 доллар андоз месупорам. Ва ба ивази ин аз давлат кор мегирам. Дар Тоҷикистон халқ аз сад як ҳиссаи инро шояд ба давлат андоз супорад ва онро боз ба оилаи даҳ-дувоздаҳ нафара тақсим мекунад ва боз ҳамон роҳҳои нимавайрон, хонаҳои торик, атфоли нимаурён, қурбониёни маризиҳое ба мисли СПИД, домана, занҳои аз шавҳар дур дар интизори занги телефон, тайёраҳои самти Русия - Тоҷикистон бо тобутҳои ҷавонон.....
Эй бародарон, ман мехоҳам, ки сафи тоҷикон зиёд шавад, аммо аввал тоҷикони Тоҷикистонро идора кардан лозим, баъд ҳуқуқи тоҷикони Афғонистону Узбакистону Русияро...Аз рӯи ҳисоби Википедиа тақрибан 25 миллион тоҷик дар ҷаҳон ҳаст, мо ҳозир агар ин миқдорро идора карда натавонем, ба фикрам, мо тухми нифоқ мекорем, на нуфузи пурҳайбати Тоҷик
Бо эҳтиром, Deepimpact
--------------------------------------

Ассалому алейкум
Барои зиёд шудани аҳолии Тоҷикистон ман розиям, зеро дар дини Ислом барои зиёд шудани фарзанд бисёр ҳадисҳо аз Паёмбари Худо ривоят шудааст. Агар аз тарафи ризқ гӯем, Худованд, ки фарзандро дод, ризқашро ҳам медиҳад, дар ояти карима Худованд мегӯяд, ки: "Мо шуморо ва фарзандҳоятонро ризқ медиҳем."
Ман гуфтаниям, мардуми Тоҷикистон барои бисёр шудани фарзанд зид нашавед.
Анвар
----------------------------

Мо бояд фаромӯш накунем, ки ҳар шахсиятро Худои бузург ризқ медиҳад ва ҳеҷ кас ризқи ҳеҷ касро хӯрда наметавонад.
Ба бародарам Шаҳриёр гуфтаниям, ки он чизе, ки шумо гуфтед, панҷсад долларӣ фарзанд хӯрад беҳтар аст, ин маҳз хатост.
Ба хотир биёред модаркалонҳоямонро, ки на доллар медиданду на доллар мешуниданд. 8 - 10 фарзанд тарбия мекарданд, ҳамон фарзандон имрӯз ҷомеаи моро дар Тоҷикистон пеш мебаранд.
Шералӣ
--------------------------------

Ман дар ин хусус гуфтаниам, ки мардуми тоҷик ҳолатҳои демографиро риоя кунанд ва маблағе барои 8-9
фарзанд сарф мекунанд, барои 2-3 фарзанд сарф кунанд.
Саъдии Раҷабзод, шаҳри Ню Йорки ИМА
---------------------------

Насли тоҷик зиёд шавад бад нест. Вале ҷои тарс он аст, ки аз ҳисоби хитоиҳо зиёд нашавад...
Sugdi
-----------------------------

Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ? Якуним миллиард хитоӣ ҷой ёфту 8 миллион тоҷик мемурад? Ҷанобон, аз паси дигар кор шавед...
--------------------------

Салом ба ҳама иштирокчиёни баҳси радиои Озодӣ. Назари ман ва эътиқоди ман оиди бисёр шудани аҳолӣ ва фарзандон ин аст, ки ҳар чӣ бештар бошад, хубтар аст, инчунин паёмбари Ислом фармудааст «такосару, яъне, зиёд кунед насли худро» вале набояд як чизро фаромӯш созем, ки Розиқ худ Худованд аст ва касе аз ризқ метарсад, ки имон надорад ва дунё кушод аст, ҷустуҷӯ кунӣ Худованд бенасиб намемонад касеро.
Бо эҳтиром, Аминҷон
---------------------------------

Салом ба ҳамватанони азиз,
Серфарзандӣ хуб аст, модоме, ки волидайн аз ӯҳдаи таълиму тарбияи фарзанд бароянд. Лекин зиёдшавии аҳолӣ дар Тоҷикистон мушкили зиёде ба бор меорад, чунки иқтисоди Тоҷикистон дар ҳолати бад аст. Фарзандон бе таълиму тарбия монда ба корҳои ношоям даст мезананд. Лекин барои ризқу рӯзии онҳо Парвардигор кафолат дода аст.
Бо эҳтиром, Шарифзода
-----------------------------

Зиёдшавии аҳолӣ дар Тоҷикистон боиси боз ҳам бадтар шудани вазъи бе ин ҳам бади иқтисоди кишвар хоҳад шуд. Мутаассифона, Тоҷикистон дар ду-се даҳаи оянда барои беҳсозии аҳволи мардум ба қадри лозима қудратманд нест. Шахсан намехоҳам, ки насли наврасамон аз сабаби афзоиши аҳолӣ, ки сабабгори тарки ватан аст, қурбони беадолатиҳо дар Русия шаванд.
КОВА
------------------------------

Қисми зиёди мардони тоҷик дар бораи пешрафти кӯдаконашон фикре ҳам надоранд ва фақат фикри сари ширабастаи худро мекунанд ва инро такаббуромез як хусусияти пуршарафи мардона меҳисобанд.
Шумо худ қазоват кунед, ки ападре, ки худ чунин аст, ӯ чигуна фарзанд тарбия кунад! Барои ҳамин ҳам афзоиши аҳолӣ албатта боиси сар задани мушкилоти зиёд мегардад. Хуб мешуд, ки дар оила як фарзанди боилму бомаърифат ба воя бирасад.
Далер
---------------------------------------

Ба фикри ман, барои занон ва мардони тоҷик аз 3 фарзанд зиёд хуб нест, чун аз уҳдаи таълим ва тарбияи онҳо намебароянд. Аҳли зиёд дар сурате муфид аст, ки босавод бошанд. Аҳолии Тоҷикистон ба ҳадди худ расидааст ва набояд аз ин бештар шавад.
---------------------------------------------------------

Тасаввур кунед, шумо дар як моҳ ҳазор доллар даромад доред. Барои мисол гуфтам. Агар ду фарзанд дошта бошед, даромадатон сари ҳар фарзандатон панҷсад долларӣ хоҳад буд. Агар панҷ фарзанд дошта бошед, ба ҳар яки онҳо дусад долларӣ мерасад. Кадоме беҳтар: Он ки ба фарзандатон панҷсад доллар сарф бикунед ва ё он ки ба фарзандатон дусад доллар сарф бикунед?
Шаҳриёр
-------------------------------------

Ин аввал ба худи ҳар як оила вобаста аст ва дуюмаш ин ки ҳар шахс ризқи худро дорад.
Акмал
-------------------------


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаъор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG