Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Спанто дар маснади вазири хориҷаи Афғонистон боқӣ мемонад


СҶ

Ҳомид Карзай - раиси ҷумҳури Афғонистон изҳор кард, ки Рангин Додфар Спанто то тасмими Додгоҳи Олии кишвар дар маснади вазири умури хориҷа боқӣ хоҳад монд. Ба гуфтаи ӯ, Додгоҳи Олӣ бояд ҳукм кунад, ки парлумон барои аз маснад барканор кардани вазир дар робита ба масоиле, ки аз чаҳорчӯби ваколаташ берун аст, ҳақ дорад ё на. Дирӯз парлумони Афғонистон дар бораи истеъфои вазири хориҷаи кишвар Рангин Додфар Спанто қарор қабул кард. Гуфта мешавад, ки сабаби ин тасмим - бӯҳрони марбут ба ихроҷи паноҳандагони афғон аз Ирони ҳамсоя аст. Се рӯз пеш Устод Акбар Акбар - вазири умури муҳоҷирати Афғонистон низ бо далели пайдо накардани роҳҳои бурунравӣ аз ин бӯҳрон аз вазифааш барканор шуда буд.
Фақаи тайи як моҳи ахир мақомоти Эрон ҳудуди 50 ҳазор паноҳандагони афғонро аз кишвар берун карданд. Мақомоти Афғонистон аз Теҳрон даъват карданд, ки хуруҷи паноҳандаҳоро коҳиш диҳад, зеро барои бо ҷойи зист ва маводи зарурӣ таъмин кардани чунин теъдоди бузурги муҳоҷирини баргашта омода нестанд.
XS
SM
MD
LG