Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андиҷон баъди ду сол: Гуфтаниҳои ҳанӯз ногуфта...


Ҳукумати Ӯзбакистон ангушти иттиҳомро сӯи гурӯҳҳои тундгарои исломӣ баланд карда мегӯяд, ки ин нирӯҳо барои худ аз занону кӯдакон сипар эҷод карда ба куштори сарбозони артиш даст заданд. Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки мақомоти Ӯзбакистон алайҳи эътирозгарони осоишта оташ кушода, садҳо нафарро кушта ва садҳо тани дигарро водор ба тарки кишвар карданд. Бахтиёр Турғунов, як фаъоли ҳуқуқи башар дар Андиҷон мегӯяд, ки баъди хушунатҳои ду соли пеш имрӯз кам касе омода аст, ки оид ба он рӯйдодҳо рӯшод ва ошкоро сӯҳбат кунад. "Мардум тарсу шуданд, тарсу. Шумо шояд дар ин бора дар ҳалқаи одамони наздик ва дӯстонатон каме сӯҳбат карда тавонед, на дар ҳама ҷо"


Аксар онҳое, ки роҷеъ ба рӯйдодҳои он сол ошкоро сӯҳбат карданд, қимати хеле гаронро пардохт кардаанд. Як табиби андиҷонӣ Гулбаҳор Тӯраева, ки он рӯзҳо дар беморхонаи маҳаллӣ садҳо ҷасади қурбониҳои тирандозиҳои артиши ҳукуматиро бо чашми сар дида баъдан дидаҳояшро ба расонаҳои хабарӣ нақл кардааст, ҳафтаи ҷорӣ аз ҷониби додгоҳе дар Ӯзбакистон барои фаъолиятҳои ғайриконститутсионӣ ва бӯҳтон ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Собиқ бошандаи Андиҷон Тоғобой Раззоқов, ки соли 2006 маҷбур буд дар Қирғизистон иқомат ихтиёр кунад, мегӯяд, ки зодгоҳи вай ҳамакнун ба маҳалли тарсу бадгумониҳо табдил шудааст. "Агар шумо ҳатто дар ҷамъи гурӯҳе дар ин бора чизе гӯед, баъзеҳо ҷои худро тарк мекунанд. Онҳо худ ҳама чизро медонанд. Ин одамҳо маҷбуранд, дарди худро пинҳон кунанд, чунки дар атроф маъмурони ҳукуматӣ хеле зиёданд. Дар атроф ҷосус хеле зиёд аст"


Аз сӯи дигар, зоҳиран Андиҷон дубора ба ҳаёти маъмулӣ бармегардад, бозору фурӯшгоҳҳо кор мекунанд. Мардум бештар бо зиндагиву кори худ машғул аст ва аз лиҳози бекориву камбуди газу барқ вазъи ин минтақа ҳамсони дигар нуқоти Ӯзбакистон мебошад. Аммо онҳое, ки шароити воқеиро аз дохил мушоҳида мекунанд, ба ин боваранд, ки таассуроти зоҳирӣ наметавонад гӯяндаи ҳақиқати ҳол бошад. Элисон Гил ду сол дар созмони амрикоии Дидбони ҳуқуқи башар - Ҳюман Райтс Вотч кор кардааст ва моҳи майи 2005 ҳам вай дар Андиҷон буд:
"Хеле муҳим аст, ки дар он ҷо истода бо мардуми оддӣ бидуни мудохилаи давлат сӯҳбат кунед. Ман ду сол он ҷо будам ва имкони сӯҳбат бо бисёр-бисёр қурбониҳои нақзи ҳуқуқи башарро доштам. Ман медонам, ки вазъият фавқулодда печида ва душвор боқӣ мемонад"


Тибқи арзёбиҳои созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар, дар рӯйдодҳои Андиҷон наздик ба як ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд, дар миёни онҳо занону кӯдакон хеле зиёд буданд. Ин дар ҳоле, ки ҳукумат, ки ба таҳқиқи мустақилонаи он рӯйдодҳо монеъ шудааст, исрор меварзад, шумори қурбониҳо 187 нафар буда, аксари онҳо сарбозони артиш будаанд. Ҳанӯз ҳам хонаводаҳое ҳастанд, ки наздиконашон баъди он рӯйдодҳо нопадид гашта, мавқеи буду боши онҳо ва ё ҳатто, маҳалли ба хок супурда шудани онҳо мушаххас нест. Ду сол пеш хонум Зулфия, як корманди бонки маҳаллии Андиҷон, шавҳари худро гум карда буд. Ҳоло дар сӯҳбат бо хабарнигорон вай мегӯяд: "Ҳама чиз кор мекунад. Бозорҳо беҳтар мешавад. Вазъият ҳамон таврест, ки қаблан ҳам буд. Бозорҳои мо хуб ҳастанд. Зиндагӣ мегузарад"


Ду сол аст, ки дар Андиҷон ва дар кулли қаламрави Ӯзбакистон садои мухолифин пахш шуда, ҳама гуна интиқоду ноқааноатмандиҳо хомӯш карда шудааст. Шумори расонаҳои байналмилалии замоне фаъол ҳам қариб ба сифр баробар шуда чунин ба назар мерасад, ки дигар ҳеҷ ниҳод ва ё давлате вазъи бозмондаҳои Андиҷонро пурсон намешавад. Аммо таҳлилгари бритониёӣ Ҷеймс Никси, ки дар масоили Ӯзбакистон тахассус ёфтааст, мегӯяд, мавзӯи Андиҷон ҳанӯз хотима наёфтааст: "Аксар таҳлилгарон, ки ман бо онҳо сӯҳбат кардам, тахмин мезананд, ки ин мавзӯъ ҳанӯз баста нашудааст ва дар он ҷо масоили мавриди баҳс ва норизоят хеле зиёд аст - ба вижа дар миёни ҷомеаи исломӣ, ки дар оянда тазоҳуроти зиёдро ташкил хоҳад кард. Гирифтани пеши роҳи ин ҷараёнҳо кори хеле ва хеле сахт аст" Аммо ҳоло, захмҳои ҳаводиси хушунатбори соли 2005 ҳанӯз тоза аст ва мардуми оддӣ бештар дар фикри кору зиндагии худ мебошанд.
XS
SM
MD
LG