Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Куштори ғайринизомиён дар Афғонистон таҳқиқ мешавад


Фармондеҳи нерӯҳои паймони НАТО дар Афғонистон тасдиқ кард, ки бар асари бархӯрди мусаллаҳонаи нерӯҳои ИМА бо силоҳбадастони Толибон дар вилояти Ҳилманд мардуми осоишта ҳаёти худро аз даст додаанд. Генерали амрикоӣ Дан Макнейл гуфт, ки гурӯҳи муштараки афғониву амрикоӣ бархӯрди ҳаштуми майро таҳқиқ мекунад. Волии вилояти Ҳилманд Асадулло Вафо изҳор намуд, ки ҳангоми бархӯрд дар минтақаи Сангин 21 фарди осоишта ва аз ҷумла занону кӯдакон ба қатл расиданд. Ӯ афзуд, ки ҳавопаймоҳои НАТО Толибони дар хонаҳои сокинони деҳаи Соро мавқеъ гирифтаро оташборон карданд. Дар ин байн раиси ноҳияи Сангини вилояти Ҳилманд Изатулло Хон гуфт, ки бар асари ҳамлаи шаби гузашта дар наздикиҳои Соро даҳ толиби силоҳбадаст кушта шуданд. Ба қавли номбурда ҳамлаи ҳавоӣ баъди ҳуҷуми Толибон болои патрул ё худ гашти муштараки нерӯҳои НАТО ва артиши Афғонистон роҳандозӣ шуд.
XS
SM
MD
LG