Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тасвиби қонуни афви моликияти шубҳаангез


RD

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири худ, баъди баҳсу баррасиҳои бесобиқа «Қонуни афви шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ бинобар қонунигардонии молу мулк»-ро ба тасвиб расонид. Тарҳи қонуни мазкур иборат аз 14 модда аз ҷониби раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба маҷлис пешниҳод шуда буд.


Мақсад аз таҳияи ин қонун ва амалӣ намудани он расмӣ кардан ва ошкор намудани моликияте мебошад, ки шаҳрвандон дар тӯли солҳои гузариш ва нооромӣ андӯхтаанд, вале аз ошкор намудани онҳо худдорӣ мекунанд. Аммо бархе аз вакилон ба ин тарҳ мухолифат намуданд. Шодӣ Шабдолов вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси ҲКТ мегуяд афви чунин шахсон ҷоиз нест, зеро аксари онҳо бо роҳҳои ғайриқонунӣ дар замони нооромӣ бо истифода аз мақомоти хидматӣ чунин моликиятеро аз худ кардаанд.


Оқои Шабдолов ҳамчунин гуфт, ки замони иҷрои қонун як сол таъйин шудааст, ки ин муддат барои фурсатталабон барои дуздӣ ва аз худ кардани моликияти давлат кофист. Ва онҳо, ба гуфтаи Ш. Шабдолов, дар поёни сол метавонанд моликияти баъди қабули қонун ғайриқонунӣ андӯхтаашонро қонунӣ кунанд.
Аммо бархе дигар аз вакилон мегуянд ин афв ба қонунгузории Тоҷикистон мухолиф аст, зеро банди бистуми Қонуни асосии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки то содир шудани ҳукми додгоҳ касеро муҷрим шинохтан мумкин нест. Ва афв баъди содир шудани ҳукми додгоҳ амалӣ мешавад.

Дар банди дигаре аз ин қонун омадааст, номи касоне, ки моликияти худро расмӣ мекунанд, махфӣ нигоҳ дошта хоҳад шуд. Аммо Раъно Каримова вакили Маҷлиси намояндагон гуфт, қонуни мазкур ноқис аст ва ба ин шакл пазируфтани он қобили қабул нест.

Қонуни мазкур ҳамчунин салоҳияти муайян танмудани тартиби расмӣ кардани моликияти ашхосро ба Ҳукумати Тоҷикистон додааст. Ин қонун бо 43 раъйи мувофиқ ба тасвиб расида, баъди имзои раисиҷумҳур хоҳад кард. Иҷлосияи Маҷлиси намояндагон дар кори худ то рӯзи 13-уми июл таътил эълон кард.


Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG