Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии паҳлавонони суғдӣ


Ин мусобиқот бо ширкати 128 нафар гуштигирон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Узбакистону Қазоқистон тӯли ду рӯз идома кард.

Дар рақобатҳои инфиродӣ ҳашт нафар паҳлавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов - Достон Раҷабов дар вазни 52 кило, Зиёратшоҳ Сафаров дар вазни 57 кило, Ато Ҷонмаҳмадов дар вазни 62 кило, Ҷамшед Шоҳниёзов дар вазни 68 кило, Соҳибназар Ҳақназаров дар вазни 74 кило, Далер Ниёзов дар вазни 82 кило, Исоалӣ Авазбадалов дар вазни 90 кило ва Диловар Гулов дар вазни 100 кило ба дарёфти унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Пӯлод Шайхов аз шаҳри Хуҷанд дар вазни беш аз 100 кило мақоми аввалро касб кард.

Дар сабқати собиқадорон низ се паҳлавони ноҳияи Ҷаббор Расулов - Ҳақназар Ҳақназаров дар вазни 62 кило, Меҳроб Одинаев дар вазни 90 кило ва Аваз Ёров дар вазни беш аз 100 кило пирӯз шуданд. Абдурасул Тӯхтабоеви хуҷандӣ дар вазни 74 кило ғолиб омад.


Ду бозии охирини даври дуввуми мусобиқоти ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Федеросиюни футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар майдони худ бар тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 5 бар 0 ва «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа дар меҳмонӣ бар дастаи «Энергетик»-и Душанбе бо натиҷаи 1 бар 0 ғалаба карданд.

Бад-ин тартиб «Регар» ТадАЗ бо шаш имтиёз дар гурӯҳи «А» ва «Хима»-и Душанбе бо се имтиёз дар гурӯҳи «Б» дар зинаи аввали ҷадвали бозиҳо ҷойгир шудаанд.
XS
SM
MD
LG