Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳдномаи нави нафтии Русия ва Қазоқистон


Русияву Қазоқистон қасд доранд, интиқоли нафт таваcсути як лӯлаеро, ки баҳри Хазарро бо баҳри Сиёҳ мепайвандад, солона 40 миллион тонна афзоиш бидиҳанд.


Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфтааст, ки 17 миллион тонна нафти изофиро, ки барои Консорсиуми Хазар истихроҷ хоҳанд шуд, метавонанд ба лӯлаи нафти Бургас Александрополис ҷорӣ намоянд.


Рӯзи даҳуми май, дар ҳузури Нурсултон Назарбоев ва раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин як созишнома дар мавриди таъсиси маркази муштараки ғанисозии ураниум дар минтақаи Иркутски Русия ба имзо расид.
XS
SM
MD
LG