Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нобоварии маҷлиси Афғонистон ба ду вазири Карзай


Маҷлиси намояндагони Афғонистон ба вазири муҳоҷират Акбар Акбар ва вазири умури хориҷа Рангин Додфар Спанто раъйи адами эътимод додааст.


Порлумон сабаби ин иқдоми худро амалкарди заъифи ду вазир дар робита ба бозгардонидани иҷбории муҳоҷирони афғон аз Ирон хондааст.


Бар асоси Қонуни асосӣ, порлумони Афғонистон ҳақ дорад, ба вазирони ин кишвар ибрози нобоварӣ кунад, аммо паёмадҳои раъйи адами эътимод барои вазирон рӯшан нест.
XS
SM
MD
LG