Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти муҳандиси чиноӣ дар Амрико


Додгоҳи иёлати Калифорнияи Амрико як муҳандиси чиниро ба фурӯши махфии фанновариҳои низомии Иёлоти Муттаҳида ба Чин гунаҳкор донист.


Додрасҳо мегӯянд, Чи Мак саъй кардааст, иттилоот доир ба низомеро, ки киштиҳои зериобиро зоҳиран ноаён месозад, ба Чин бифурӯшад.


Чи Мак эътироф кардааст, ки санадҳои махфии як ширкати низомӣ ва кордиҳандаи худро нусхабардорӣ кардааст.


Ӯ гуфтааст, ки дар он замон намедонист, ки нусхабардории он ҳуҷҷатҳо мухолифи қонун будааст.
XS
SM
MD
LG